“Шароити беҳтар ва имконият ба ҷавонон”. Ӯзбекистониёни муқими Тоҷикистон бо чӣ умед ба президенти худ овоз доданд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, якшанбеи 9-уми июл, дар Ӯзбекистон интихоботи президентии пеш аз муҳлат баргузор шуд, ки дар он Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури кунунӣ бори дигар ғолиб эълон гардид. Шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ дар Сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе овоз доданд.

Дар Душанбе ҳавзаи интихоботӣ чӣ гуна омада карда шуд, шаҳрвандони Ӯзбекистони муқими Тоҷикистон бо чӣ умед ба қуттиҳои райъдиҳӣ ҳозир шуданд ва пас аз овоздиҳӣ чӣ гуфтанд?

Гузориши хабарнигори “Азия-Плюс”-ро аз ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандони Ӯзбекистон дар интихоботи президентӣ тамошо кунед:

Интихоботи мазкур – интихоботи пеш аз мӯҳлат аст. Шавкат Мирзиёев соли 2021 тариқи раъйпурсӣ бори дуввум президенти Ӯзбекистон интихоб шуда буд ва то интихоботи навбатии дигар беш аз 3 сол муҳлат дошт.

Вале моҳи апрели соли ҷорӣ ба сарқонуни ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он муҳлати президентиро аз 5 то 7 сол тамдид кард. Пас аз ин Мирзиёев аз идомаи муҳлати президентиаш даст кашид.

Ба иттилои пешакии Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, дар интихоботи кунунӣ пеш аз 15 миллион нафар ё қариб 80 дарсади раъйдиҳандаҳо иштирок кардаанд. Ва беш аз 87 дарсади онҳо ба ҷонибдорӣ аз Шавкат Мирзиёев овоз додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...