Корхонаи бузурги коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон ба нафти Озарбойҷон умедвор аст

Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо сарвазири Озарбойҷон Хидаят Асадов дар шаҳри Боку имкони интиқоли нафти хом аз Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” баррасӣ шуд. Дар маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар бораи ба ягон тавофуқе расидан дар мавриди ин масъала […]

Asia-Plus

Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо сарвазири Озарбойҷон Хидаят Асадов дар шаҳри Боку имкони интиқоли нафти хом аз Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” баррасӣ шуд.

Дар маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар бораи ба ягон тавофуқе расидан дар мавриди ин масъала хабар дода намешавад.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҷалби сармоя барои азнавсозии ҶСК “Ширкати Алюминийи тоҷик”, содироти алюминий, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдрас мекунем, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи бузурги коркарди нафт дар МОИ “Данғара” бо сабаби мавҷуд набудани имкони харидории ашёи хом бо шартҳои қобили қабул аз соли 2018 мавқуф гузошта мешавад. Дар ин давра дар бораи нияти интиқоли нафт ба ин корхона аз Қазоқистону Туркманистон ва Эрон хабарҳо нашр шуданд.

Сохтмони корхонаи мазкур, ки иқтидори лоиҳавиаш коркарди 1,2 млн тонна нафт дар як сол аст, соли 2014 оғоз гардида буд.

«Корхона аз ҷониби корхонаи муштараки TK-oil-и Тоҷикистону Чин, муассисонаш ширкати Dong Ying heli Investment and Development-и Чин ва «Ҳасан ва Ко»-и Тоҷикистон сохта мешавад”, – хабар дода буданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати   «Ҳасан ва Ко» ҳанӯз то оғози сохтмони корхона.

Моҳи сентябри соли 2020 бошад, маъмурияти МОИ “Данғара” пас аз нашри маводи навбатӣ дар “Азия-Плюс” дар мактубаш ба идора иштироки ширкати «Ҳасан ва Ко»-ро дар корҳои сохтмони корхона рад кард.

Коршиносони мустақил ҳанӯз замони сохтмони корхона аз бунёди чунин корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави кишвар изҳори тааҷҷуб мекарданд, зеро ба ақидаи онҳо, ба ин монанд корхонаҳоро кишварҳое месозанд, ки захираи кофии нафт доранд ва он ҳарчӣ ба кон наздик бошад, хубтар аст.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, соли 2022 дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 25 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки қариб 50 баробар камтар аз талаботи лоиҳавии Корхонаи коркарди нафти Данғара аст.

Дар ҷумҳурӣ 2 корхонаи хурди коркарди нафт бо иқтидори умумии 150 ҳазор тонна дар як сол кор мекунанд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, соли 2022 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 510 тонна бензин, 4 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 5,1 ҳазор тонна мазут ва 3,2 ҳазор тонна битум истеҳсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика соли 2022 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, аз ҷумла:

– 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (солярка);

– 320 ҳазор тонна бензин;

– 60 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ;

– 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ;

– 30 ҳазор тонна битум ва мазут;

– 1,2 ҳазор тонна дигар маҳсулоти нафтӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.