“Шароити беҳтар ва имконият ба ҷавонон”. Ӯзбекистониёни муқими Тоҷикистон бо чӣ умед ба президенти худ овоз доданд?

Дирӯз, якшанбеи 9-уми июл, дар Ӯзбекистон интихоботи президентии пеш аз муҳлат баргузор шуд, ки дар он Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури кунунӣ бори дигар ғолиб эълон гардид. Шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ дар Сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе овоз доданд. Дар Душанбе ҳавзаи интихоботӣ чӣ гуна омада карда шуд, шаҳрвандони Ӯзбекистони муқими Тоҷикистон […]

Дирӯз, якшанбеи 9-уми июл, дар Ӯзбекистон интихоботи президентии пеш аз муҳлат баргузор шуд, ки дар он Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури кунунӣ бори дигар ғолиб эълон гардид. Шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ дар Сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе овоз доданд.

Дар Душанбе ҳавзаи интихоботӣ чӣ гуна омада карда шуд, шаҳрвандони Ӯзбекистони муқими Тоҷикистон бо чӣ умед ба қуттиҳои райъдиҳӣ ҳозир шуданд ва пас аз овоздиҳӣ чӣ гуфтанд?

Гузориши хабарнигори “Азия-Плюс”-ро аз ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандони Ӯзбекистон дар интихоботи президентӣ тамошо кунед:

Интихоботи мазкур – интихоботи пеш аз мӯҳлат аст. Шавкат Мирзиёев соли 2021 тариқи раъйпурсӣ бори дуввум президенти Ӯзбекистон интихоб шуда буд ва то интихоботи навбатии дигар беш аз 3 сол муҳлат дошт.

Вале моҳи апрели соли ҷорӣ ба сарқонуни ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он муҳлати президентиро аз 5 то 7 сол тамдид кард. Пас аз ин Мирзиёев аз идомаи муҳлати президентиаш даст кашид.

Ба иттилои пешакии Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, дар интихоботи кунунӣ пеш аз 15 миллион нафар ё қариб 80 дарсади раъйдиҳандаҳо иштирок кардаанд. Ва беш аз 87 дарсади онҳо ба ҷонибдорӣ аз Шавкат Мирзиёев овоз додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.