Нархи картошка дар Тоҷикистон боло рафт. Сабабаш чист?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

То 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон аз майдони 5 ҳазору 735 гектар ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 2 083 гектар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ. Ҳосилнокии картошка 16,8 тонна аз 1 гектарро ташкил додааст, ки 1,4 тонна камтар нисбат ба соли пешин мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорат, дар соли 2023 майдони умумии кишти картшка 36 ҳазору 508 гектарро ташкил медиҳад, ки 1 ҳазору 169 гектар зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Сабаби коҳиши истеҳсоли картошка, ба гуфтаи коршиносон, сардии ғайримуқаррарӣ дар зимистон ва тӯфони чангу ғубор дар охири фасли баҳор ва аввали тобистон аст.

Ба ин далел, имрӯз қимати 1 кило картошка дар бозорҳои Тоҷикистон 6-8 сомониро ташкил медиҳад, соли гузашта як кило картошка дар фурӯшгоҳҳои кишвар ҳудуди 4-5 сомонӣ нарх дошт.

Тибқи маълумоти дар боло зикршуда метавон ҳисоб кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳудуди 97 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, дар ҳоле ки ҳамагӣ дар 6 моҳи соли гузашта истеҳсоли «нони дуюм» дар ҷумҳурӣ аз 142 ҳазор тонна гузашта буд.

Бино ба маълумоти хадамоти гумрук, воридоти растаниҳои бехмева дар соли ҷорӣ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Агар дар нимаи аввали соли гузашта Тоҷикистон барои воридоти картошка ҳудуди 8 млн доллар масраф карда бошад, пас имсол он беш аз 15 млн долларро ташкил медиҳад.

Қаблан дар Вазорати кишоварзӣ изҳор карда буданд, ки як нафар дар як сол ба 92 кило картошка эҳтиёҷ дорад, аммо ҳаҷми воқеии истеъмоли картошка аз ҷониби як нафар дар ҷумҳурӣ дар як сол 130 кг арзёбӣ мешавад.

Бо назардошти ин, талаботи умумии кишвар ба картошка то ба 1,3 млн тонна мерасад. Соли 2013, 2020 ва 2021 дар Тоҷикистон ҳосили зиёд ҷамъоварӣ шуд. Ин солҳо дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд.

Имсол агар дар нимаи дуюми сол ҳамин гуна суръати ҷамъоварии картошка давом кунад, он гоҳ тамоми ҳосил қариб 70% аз ҳаҷми соли гузаштаро ташкил дода метавонад. Ин маънои онро дорад, ки картошка ба яке аз маҳсулоти кишоварзии гаронбаҳои Тоҷикистон табдил меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...