Эрдуғон узвияти Шветсияро ба НАТО бо қабули Туркия ба Иттиҳоди Аврупо марбут донист

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон узвияти Шветсияро ба Созмони Аҳдномаи Аталантикаи Шимолӣ (НАТО) бо қабули Туркия ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) марбут донист. Тавре ки Радиои Озодӣ менависад, изҳорот пеш аз нишасти Созмон, ки рӯзҳои 11-12 июл дар Вилнюс доир мегардад, садо дод. Шветсия моҳи майи соли 2022 барои пайвастан ба НАТО дархост пешниҳод намуда, аз […]

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон узвияти Шветсияро ба Созмони Аҳдномаи Аталантикаи Шимолӣ (НАТО) бо қабули Туркия ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) марбут донист. Тавре ки Радиои Озодӣ менависад, изҳорот пеш аз нишасти Созмон, ки рӯзҳои 11-12 июл дар Вилнюс доир мегардад, садо дод.

Шветсия моҳи майи соли 2022 барои пайвастан ба НАТО дархост пешниҳод намуда, аз мақоми узвият надоштан дар созмонҳо, ки тӯли сад сол давом кард, даст кашид. Дархостро бояд ҳамаи 31 узви НАТО маъқул шуморанд. Ҳоло ин корро танҳо Туркия ва Маҷористон (Венгрия) накардаанд.

Туркия аз Шветсия истирдоди мухолифин ва аъзои ҷунбиши курдҳои дар ин кишвар пинҳоншуда, ки Анқара онҳоро террорист эълон кардааст, тақозо намуд. Илова бар ин, мақомоти Туркия талаб карданд, ки манъи интиқоли силоҳ ба ин кишвар аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ бекор карда шавад.

Эрдуғон қабл аз сафар ба нишасти Вилнюс гуфт, Анқара аз талабҳояш даст намекашад. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, пеш аз маъқул шуморидани дархости Шветсия дар парлумони Туркия, Иттиҳоди Аврупо бояд роҳро барои узвияти Туркия боз кунад.

Туркия аз соли 1999 номзад ба узвияти ИА мебошад. Музокироти шомил шудан аз соли 1987 идома дорад. Аз соли 2016 ин раванд воқеан боздошта шудааст.

Дар Аврупо Туркияро барои нақзи ҳуқуқи инсон, мавҷуд набудани волоияти ҳуқуқ ва иқтисоди заиф танқид мекунанд. Соли 2018 Комиссари Аврупо оид ба тавсеаи Иттиҳоди Аврупо Йоханнес Хан изҳор дошт, ки узвияти Туркия дар ин иттиҳодия барои ояндаи наздик ғайривоқеист.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.