Бақо Содиқов: Тоҷикистонро бо ашкҳои сӯзон тарк кардам

Date:

Бақо Содиқов, коргардони варзидаи синамои тоҷик имрӯз ба синни 82-солагӣ қадам мегузорад. Ӯ 13-уми июли соли 1941 дар шаҳри Бухоро ба дунё омада, соли 1967 риштаи коргардонии Донишкадаи театриву-мусаввириро дар Тошканд ва курсҳои олии сенариянависӣ ва коргардонии синамоиро дар Маскав хатм мекунад.

Аз соли 1967 то 1993 дар “Тоҷикфилм” ба унвони коргардони синамо кор кардааст. Филми “Адонис ХIV”-ро ӯ, ки соли 1977 барои дифои кори дипломии худ ба навор гирифта буду танҳо дар даврони бозсозӣ – соли 1986 дар экранҳо пайдо шуд, дар ҷашнвораҳои Маскав ва Мангаям ҷоизаҳо ба даст овардаст. Ин филм дар бораи “буз-ҷосуси махсус” мебошад, ки дар комбинати гӯшт тамоми рамаро ба куштор мебарад.

Ҳамчунин, филмҳои сохтаи Бақо Содиқов ба мисли “Бухорои шариф”, “Гирдбод”, “Ҷосус”, “Ҷазира”, “Парандаҳои гилӣ”, “Аввалин будан мушкил аст” (филми ҳуҷҷатӣ) ва даҳҳои дигар ҷоизаҳои ҷашнвораҳои синамоии байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ соҳиб шудаанд.

Бо ин коргардони маъруфи тоҷик, ки ҳоло дар шаҳри қадимаи тоҷикон – Бухоро умр ба сар мебарад, ду соли пеш ба ифтихори 80-солагияш мусоҳибаи ихтисосӣ доштем. Дар ин мусоҳиба бо Бақо Содиқ зиндагиномаи пасипардагӣ, корнома ва мушкилоти соҳаи филмсозӣ ва коргардониро баррасӣ карда будем, ки то ба ҳол рафъ нагардидааст ва имрӯз ба муносибати зодрӯзаш онро пешкаши хонандагон мекунем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Устод, дар ин рӯзҳо ба чӣ корҳо машғулед?

– Филми таърихие аз рӯзгори тақрибан 7 нафар фарзандони фарзонаи Бухоро, ки барои бақои ин шаҳр ҷоннисориҳо кардаанд, бардошта истодаем, ки дар 30-юми июл, насиб, манзури бинандагон мегардад. Ин 7 чеҳраи таърихии Бухоро на танҳо назири Инъомҷон Кароматов аз Бухоро, ҳамзамон Қосим Пирсиён аз Эрон, Юренов аз Русия, яке аз фарзандони барӯманди миллати ӯзбек, ҳамчунин як нафар қазон ва монандашон миллатҳои гунонгунанд, ки барои намоиши филм, гумон меравад, халқи бисёр аз миллатҳои гуногун ҷамъ меоянд. Ин аввалин таҷриба дар филмофарии Бухорост. Коргардонии филм ба ӯҳдаи банда асту писарам Улуғбек сенариянависи он ва мо бо маблағи худ филмро рӯи навор меоварем.

– Инсон аз минбари баланди 80-солагӣ, хусусан ҳунарманде мисле шумо, ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе дорад?

– Зиндагии гузаштаи мо бисёр аҷиб буд ва бисёр бурду бохт ва шодиву ҳузнро бо худ дошт. Аммо он чиро ки дар тавонамон буд, бо тамоми қувва кӯшидем, ки ба анҷом расонем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Он чиро, ки мехостед, ба халқ, ба бинандаи худ дода тавонистед?

– Он чи ки мо мехостем, хеле ва хеле зиёд буд, вале моро пешпойӣ мемонданд ва қадамзанӣ барои мо хеле мушкил гардида буд. Фарзи мисол, баъд аз филмбардории “Адонис ХIV” таърибан 9 сол моро ба ҷабр аз саҳнаи синамо дур карданд, “Гирдбод”-и моро ба душворӣ қабул намуданд, “Бухорои шариф”-ро баъди даводавҳо ба озмунҳои байналмилалӣ бароварданд ва ҳамин гуна шуд, ки қисмати зиндагиямон сӯи хоки аҷдодӣ кашид. Медонед, ба бухориён як масалест, ки “оби дари хона – тира” мегӯянд…

– Дарвоқеъ, омили асосии домони зиндагиро аз Душанбе ба Тошканду Самарқанд ва имрӯз ба Бухоро кашидани Шумо чӣ буд?

– Ман соли 1995 бо дили реш ва оҳи сӯзон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кардам. Ҳеч гоҳ намехостам, ки Тоҷикистонро тарк кунам ва ин дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд.

Аслан, медонед, ман барои зиёрати марқади аҷдодони худ ба Тоҷикистон рафта будам, аммо ин хоки бостон маро дар худ печонд, ҷазб кард ва дигар натавонистам аз он дил канам. Тоҷикистонро ман ба ибораву ҷумлаҳо гуфта, тавсиф карда наметавонам, он дар рӯҳу равони ман, бар қалби шикастаи ман ҷой гирифтааст ва дил кандан аз ин Ватан баробари ҷон кандан аст.

Вале гурӯҳе нохалафон маро бо фарзандонам таҳдид намудаву ба дасти онон силоҳ доданд ва водорам сохтанд, ки бо ашкҳои сӯзон тарки Тоҷикистон кунам. Ва ман аз Душанбе ба Бухорову Самарқанд рахти сафар бастам.

– Шумо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон берун шудед, вале баъди оромиҳо дигар аз ниҳоде назири “Тоҷикфилм” ва ё Ҳукумат таклифи баргашт нашуд?

– Боре шуд ва сарварии ниҳодеро ҳам пешниҳод карданд, аммо дигар дер шуда буд ва ман намехостам, ки бо ину он хариду фурӯшам кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Ба наздикӣ шаҳодатномаи шаҳрвандии Ӯзбекистонро бо фармони Президент Шавкат Мирзиёев гирифтед…

– Бале, бо он вуҷуд, ки ман зодаи Бухорои шариф ҳастаму ин ҷо бузург шудам, бо фармони Президент соли 2018 шаҳрвандии Ӯзбекистонро соҳиб шудам. Хуб аст, ҳоло шаҳрвандӣ дорам, вале бо он ба дигар кишвар, ба хусус ба Тоҷикистон бе “виза” сафар карда наметавонам.

– Аз фазои филмофарии Тоҷикистон чӣ андоза воқиф ҳастед?

– Каму беш огоҳ ҳастам, вале филме, ки ман мехоҳам, дар он фазо то кунун надидам.

Филмҳои ба наворбардоштаи шумо мазмуни амиқи фалсафӣ доранд ва дар рафтору гуфтору кирдори қаҳрамонон ва образҳои офарида решаи миллӣ гирифтаву бинандаро ба фикр водор месозад. Мақсади Шумо ҳам ҳамин буд?

– Ман дар “Тоҷикфилм” солҳо фаъолият доштам ва аз беху буни онон воқифам. Он солҳо филмҳое, ки ин ниҳод бо номаш “Тоҷикфилм” наворбардорӣ мекард, на тақлиди Аврупо буду на фарҳанги Осиёву ориё. Мобайни замину осмон ҳавола. Филмҳое, ки наворбардорӣ мешуд, аз қадрияти миллӣ, фарҳанги волои ориёӣ, тамаддуни форсӣ-тоҷикӣ орӣ буд ва чанд дақиқа сохтакориву фиреби худу фиреби тамошобину фиреби миллат буду халос. Баъзеяшон ҳатто мисли алафи позадаи чарогоҳро мемонд.

Бале, андак пас силсилафилмҳо аз достонҳои “Шоҳнома” ва назири он пайдо шуданд, ки воқеияти таърихӣ, ҷасорату шуҷоат, нангу номус ва ҳуввияти миллиро инъикос мекарданд, вале бо тассуф, ки онон ҳам ангуштшумор буданд ва дигар чунинҳо нарӯиданд.

Адабиёт хеле бузург аст ва самту вазну навъи онро на ҳудуд бошаду на қиёсаву на фасона, аммо вазни каломи адабиёт ба вазни филмофарӣ яксону баробар нест ва аз замин то осмону аз машриқ то мағриб фарқ мекунад. Он чиро ки дар адабиёт адиб ба тасвир мекашад, ҳамон гуна ба филм оварда намешавад ва ин чиз имкон ҳам надорад. Забони филм – забони дигар аст, забони хостар. Вале инро кам кас дарк карда метавонад. Мақсади мо миллатро ба тамаддунаш ошно кардан, бинандаро ба фикр водор сохтан буд. Филм бояд чунин бошад!

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Андешае ҳаст, ки Бақо Содиқов ба “Гирдбод”-е, ки бақо ёфт, содиқ намонд ва ба филмбардории шахсиятҳои таърихӣ (“Имом Бухорӣ”, “Амир Темур”, “Фидоиён” ва филмномаи “Камоли Хуҷандӣ”) рӯй овард…

– Филмбардории таърихӣ мушкилтарин навъи филмбардорист. Ва ман пайванду фарзанди ҷадидҳо ҳастам ва намедонам, хуни ҷадидӣ дар шараёни танам ҳамеша ангеза медиҳад. Ҳоло кам кас медонад, ки Фитрат наздиктарин хешовандам аст. Бисёри чизро, ки мебинам, ба назарам асл наметобад, қонеъам намекунад ва мехоҳам, онро такмил диҳам, онро созам, на сафсатаву афсонаро, балки филмро, таърихро, тамаддунро, худро, ҳамаро.

Бубинед, ҷаҳониён аз таъриху тамаддуни ориёӣ-форсӣ ва шахсиятҳои фаромиллии ин ҷомеа дар ҳайрат мондаанд: Куруш, Анӯшервон, Ардашер, Исмоил, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Закариёи Розӣ, Сино, Мавлоно Болхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил… Аммо ин ҳама канӣ? Дар куҷоянд?! Ва инҳо барӯмандҳоянд, таърихи мо назирашон ҳазорони дигар дорад.

Моро зарур буд, ки ба ин самт оем ва фикр мекунам, ман то ҳол кореро ба сомон нарасонидаам. Баъд аз ба Ӯзбекистон омадан ҳудуди 20 сол банда бекор будам ва кори аз дастам меомадаро анҷом дода наметавонистам. Таърих ҳамеша ҷаббор буд ва то ҳол ба эҷодкорон ҷабр мекунад…

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Шумо дунболи филмҳое рафтед, ки рамзу маҷозу кинояву истиораро бо худ дорад, аммо он рӯзу имрӯз мепиндоред, ки мардуми мо ин андешаро аз филмҳои Шумо хонда метавонист, даркаш мекард?

– Ҳар филм бинандаи хоси худро дорад, махсус барои қишре омода мегардад. Ин ҳадафи аввалини коргардон аст, ки бинандаи филми ояндаи худро пешопеш маълум месозад. Дар ҳамаи филм тамошобини тасодуфӣ дар дақиқаҳои аввал маълум мегардад ва онон як-як дар лаб сигор ва ё ду-ду дастобадаст баромада мераванд. Баъд бинандаи воқеӣ дар толор менишинад.

Дар ёд дорам, дар филмҳои банда толори кинотеатри “Борбад”-у “Ҷомӣ” ва “Ватан” дар Душанбе пуропур мешуданд. Ҳатто боре бо мушкилоти техникӣ 2 соат филм ба таъхир афтод, аммо бинанда толорро тарк намекард. Пас фикр мекунам, ки онон чизеро дар филм медиданд, дарк мекарданд.

– Устод, бо ин ҳама донишу маҳорату малака ва зеҳнияти наву ҷадидгароӣ барои омӯзонидани он ба ҷавонон кореро анҷом надодед?

– Шогирдонамон ҳастан, ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Ӯзбекистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Оё бо ҳамсонони тоҷикистонӣ иртиботе доред?

– На он қадар.

– Огоҳ ҳастед, ки тартибу нақшаи филмбардори “Исмоили Сомонӣ” дар арафаи банаворгирист?

– Бале, аз ин чиз воқифам ва замоне ки ин хабарро шунидам, хеле шод гаштам. Ман барои басифат ва миллӣ баромадани ин филм омодаи ҳама гуна ёриву роҳнамоӣ ҳастам, вале қувваи комили коргардониву таҳияашро дигар надорам.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...