Баррасии густариши ҳамкориҳо байни вилояти Суғд ва Корея

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Чанде пеш зимни вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо узви комиссияи Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ Гон Чон Хун дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат баррасӣ шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар мулоқоти ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва азхудкунии заминҳо, инчунин ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея баррасӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷумла зикр кард, ки дар вилоят дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамасола садҳо корхонаи нав бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида истодааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 12 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҷониби Корея ва соҳибкорони ин кишвар метавонанд дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд.

“Дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар азхудкунии заминҳо, кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, ҷуворимакка, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, Гон Чон Хун дар навбати худ изҳор доштааст, ки ҳадаф аз ташриф ин тақвияти ҳамкорӣ, ба роҳ мондани алоқаи мустаҳкам байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ба ҳисоб рафта, ҷониби Ҷумҳурии Корея омода аст, саҳми худро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург гузорад.

Қобили зикр аст, ки солҳои ахир муносибатҳо байни кишварҳо дар ҳамаи соҳаҳар, аз ҷумла муҳоҷират дар ҳол рушд қарор доранд.

Лекин айни замон Кореяи Ҷанубӣ ҷудо кардани квотаҳоро барои коргарон аз Тоҷикистон ба таъхир гузоштааст. Сабабаш дар он аст, ки муҳоҷирони кории мо қоидаҳои будубош дар ин кишварро дар аввалин сафарбарии муташкиилонаи шаҳрвандон риоя накардаанд.

Дар ин маводи мо муфассалтар дар бораи сабабҳои ба таъхир гузоштани ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...