Баррасии густариши ҳамкориҳо байни вилояти Суғд ва Корея

Чанде пеш зимни вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо узви комиссияи Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ Гон Чон Хун дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат баррасӣ шуданд. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар мулоқоти ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва […]

Чанде пеш зимни вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо узви комиссияи Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ Гон Чон Хун дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат баррасӣ шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар мулоқоти ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва азхудкунии заминҳо, инчунин ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея баррасӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷумла зикр кард, ки дар вилоят дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамасола садҳо корхонаи нав бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида истодааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 12 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҷониби Корея ва соҳибкорони ин кишвар метавонанд дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд.

“Дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар азхудкунии заминҳо, кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, ҷуворимакка, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, Гон Чон Хун дар навбати худ изҳор доштааст, ки ҳадаф аз ташриф ин тақвияти ҳамкорӣ, ба роҳ мондани алоқаи мустаҳкам байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ба ҳисоб рафта, ҷониби Ҷумҳурии Корея омода аст, саҳми худро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург гузорад.

Қобили зикр аст, ки солҳои ахир муносибатҳо байни кишварҳо дар ҳамаи соҳаҳар, аз ҷумла муҳоҷират дар ҳол рушд қарор доранд.

Лекин айни замон Кореяи Ҷанубӣ ҷудо кардани квотаҳоро барои коргарон аз Тоҷикистон ба таъхир гузоштааст. Сабабаш дар он аст, ки муҳоҷирони кории мо қоидаҳои будубош дар ин кишварро дар аввалин сафарбарии муташкиилонаи шаҳрвандон риоя накардаанд.

Дар ин маводи мо муфассалтар дар бораи сабабҳои ба таъхир гузоштани ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.