Эмомалӣ Раҳмон муовинони вазирону раисонро нав кард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 18-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру қарорҳо дар вазифаҳои калидии вазорату идораҳои мухталифи кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои хадамоти матбуот, имрӯз бо амри раисиҷумҳур Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил ва Ваҳобзода Абдураҳмон ду муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъйин карда шуданд.

Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим бошад, бо амри дигари раисиҷумҳур, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод карда шуд.

Бо қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Носирзода Ҷаббор – муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Назарзода Машокир Фозил – муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Ҳамин тавр, Носирзода Ҷаббор – муовини то имрӯз ба ин симмат вазири кишоварзии Тоҷикистон нишаста бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шудааст. Кори нави ӯ ҳоло маълум нест.

Дар ин баробар, бо қарори дигар Бобозода Хисрав Хоркаш бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ – сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон озод карда шудааст.

Ваҳобзода Абдураҳмон ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардидааст.

Ҷойҳои кории нави ин ду нафар ҳам то ба ҳол мушаххас нестанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор судяҳо ҳам аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо шахсони нав таъйин шуданд, ки дар ин хабари мо метавонед бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...