Манбаъ: “Дар дидори раисони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баҳси марз масъалаи асосӣ буд”

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 17-уми июл, ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қирғизистон дар вилояти Ботканд мулоқоти сеҷониба анҷом додаанд. Ҳамзамон, дар мулоқоти Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршиев баҳси марз яке аз масъалаҳои асосии ин дидор будааст.

Як манбаи огоҳ дар сӯҳбати телефонӣ имрӯз, 18-уми июл, ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи гузашта фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон – генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев бо ҳам мулоқот анҷом додаанд.

“Онҳо сари масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд. Ҷузъияти ин мулоқот расман ироа намешавад”, – кӯтоҳ гуфт манбаъи мо.

Дар ҳамин ҳол, Музаффар Юнусзода, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” дар ин маврид иттилоъ ироа накард, аммо афзуд, ки рӯзи гузашта, 17-уми июл, мулоқоти сеҷонибаи раиси вилояти Суғд – Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд -Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона – Хайрулло Бозоров дар шаҳри Чӯлпон-ота сурат гирифт.

 “Мақсад аз ин мулоқот таҳким бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни вилоятҳои Суғду Фарғонаву Бодканд аст. Се ҷониб дар ин дидор таъкид карданд, ки солҳои охир ҳамкориҳо мустаҳкам гардида истодааст. Муносибатҳои ҳамсоядории хуби мардумони тоҷику ӯзбек ва қирғиз барои ин боз ҳам замина хоҳад гузошт”, – гуфт Музаффар Юнусзода

Юнусзода афзуд, ки дар ин сафар Раббой Аҳмадзодаро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Ботканд, ки дар рӯҳияи созанда ҷараён гирифтааст.

Маврид ба гуфтан аст, ки ҳафтаи гузашта намояндагони гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Ботканд мулоқот анҷом дода, масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ намуда буданд.

Бояд гуфт, ки номуайянии хати сарҳади давлатӣ, истифода ва дастрасӣ ба об аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.

Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...