Президент судяҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиро иваз кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 июл дар бораи аз вазифаҳо озод кардан ва таъин шудани кадрҳо дар мақомти судии кишвар мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи ҶТ фармон ба имзо расонид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, судяҳои зерин аз кор озод ва ба дигар вазифаҳо таъин шуданд:

Раҳмонзода Шариф Файз аз вазифаи раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Маҳмудзода Азаматшо Сафар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.

Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Нурзода Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.

Ҳабибуллозода Хайрулло аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат озод гардида, муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.

Асрорӣ Ифтихор Қурбон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.

Қурбониён Баҳриддин Самариддин аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...