Суғд: манъи фурӯши обу сихкабоб баромад, аммо бозори он ҳанӯз гарм аст

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Қарори сартабибии давлатии санитарии вилояти Суғд таҳти №1 аз 17-уми майи соли 2023 фурӯши “маҳсулотҳои зуднобудшаванда ба монанди сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, обҳои ташнашикани худсохт ва консерваҳои хонагӣ”-ро манъ кард, аммо то ба ҳол ин бозор "гарм" аст.

Ба қавли масъулин, ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ин гуна қарори сардухтур ба табъ мерасад.

Гуфта мешавад, мақсади асосӣ пешгирии бемориҳои шадиди маъдаю рӯда, бо ин мақсад гузаронидани корҳои пешгирикунанда, омилҳои ба он мусоидаткунанда мавриди корбарӣ қарор дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, аз содиршавии ин қарор беш аз ду моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, бозори маҳсулоти зуднобудшаванда чун пештара гарм аст. Муаллифи минтақавии хабаргузории “Азия-Плюс” ин мавзӯъро пайгирӣ кард ва фоторепортаж таҳия намуд.

Бепарвоии сохторҳои марбута

Тавре дар қарор омадааст, вобаста ба фарорасии фасли гармо талаботи аҳолӣ ба истеъмоли нӯшокиҳои ташнашикан, яхмоси мулоим, сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, хӯришҳои худсохти хонагӣ, консерваҳои хонагӣ, каллаю почаи яхкардашуда, оби ҷав ва дигар маҳсулоти хӯрока зиёд мешавад.

“Фуруши ин номгуйи маҳсулот дорои сертификати гигиенаи маҳсулот ва хулосаи санитарию эпидемиологӣ намебошанд, барои пешгирӣ аз бемориҳои зикршуда ва таъмини бехатарии озуқаворӣ манъ карда шавад”, – омада буд.

Аммо мо вақте ба бозори марказии “Паншанбе”-и шаҳри Хуҷанд рафтем, сари ҳар қадам фурӯши маҳсулоти қаннодии кремдор, обҳои ташнашикан,  маҳсулоти гӯштӣ ва ғайра муҳошида мешуд. Маълум буд, нозирони минтақавие, ки барои назорати иҷроиши қарор масъул шуда буданд, ҳолатро дида “чашм” мепӯшиданд.

Ҳамчунин, дар наздикии дорухонаи марказии №7 – бозори “Пашҷшанбе”  дидем, ки ноболиғе ба фурӯши обҳои таншаникан, ки тибқи қарор то моҳи сентябр манъ шудааст, машғул аст. Як нозири минтақавӣ дар назди ин нуқтаи обфурӯшӣ истода, аммо нисати ҳолат бепарво буд. Баъдан ӯ барои  қарорро амалӣ накардан протоколи маъмурӣ ва ба маблағи 136 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, аммо пас аз супурдани ҷарима боз ба кораш идома дод.

Протоколи маъмурӣ ва ҷаримаи он

Дар самти назорати беҳдошти ғизо наздики як ҳазор адад протоколҳои маъмурӣ  тартиб дода шуда,    наздики 290 ҳазор сомонӣ ҷарима  аст.

Маҷнун  Орипов муовини сартабиби давлатии санитарии вилояти Суғд (СЭС) 21-уми июл дар суҳбат ба “Азия-плюс” гуфт, ки ин ҷаримаҳо дар самти хӯроки умум ошхонаю қаҳвахона ва ғайра ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Дар умум, ба гуфтаи масъулин, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар самти беҳдоҳти ғизо 991 протокол тартиб дода шуда, 288 ҳазору 948 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...