Расман: Русия синни даъват ба артишро то ба 30-солагӣ боло бурд

Дар Русия синни болоии даъват ба артиш аз 27 то ба 30-солагӣ тағйир дода шуд. Тибқи тағйироти нав минбаъд ҷавонони аз 18 то 30-сола ба артиши Русия даъват мешаванд. Дар ин бора хабаргузории Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, кумитаи дахлдори Думаи давлатӣ дар Русия ин тағйиротро пазируфтааст. Раиси кумитаи дифои Думаи давлатии Русия […]

Дар Русия синни болоии даъват ба артиш аз 27 то ба 30-солагӣ тағйир дода шуд. Тибқи тағйироти нав минбаъд ҷавонони аз 18 то 30-сола ба артиши Русия даъват мешаванд. Дар ин бора хабаргузории Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, кумитаи дахлдори Думаи давлатӣ дар Русия ин тағйиротро пазируфтааст.

Раиси кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфтааст, сини поёнии даъват ба артиши ин кишвар то ба 21-солагӣ боло бурда намешавад.

“Тағйири асосӣ ин аст, ки синни болоии даъват иваз шуд. Сини поёнии даъват дар 18-солагӣ боқӣ монд, чун ҷавонони бисёре мехоҳанд, хидмат кунанд”, – изҳор доштааст Картаполов.

Ба гуфтаи ӯ, меъёрҳои нави даъват ба артиши Русия аз соли 2024 ба иҷро медароянд.

Қаблан раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфта буд, ки эҳтимол дар мавсими даъвати баҳории соли 2023 шаҳрвандони то 30-солаи ин кишвар ба артиш ҷалб шаванд.

Бояд гуфт, шумори тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, сол то сол меафзояд: аз рӯи иттилои дастрас, дар як рӯз дастикам 400 нафар тоҷикон шаҳрвандии ин кишварро ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз даргириҳо миёни Русия ва Украина тоҷикистониёнеро ки шаҳрвандии Русияро доранд, маҷбуран ба ин муноқиша мефиристанд. Тақдири тоҷикистониёне, ки душаҳрвандӣ доранд, то ба ҳол норӯшан аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.