Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон дар мавриди роҳи оҳани “Фароафғонӣ” ба тавофуқ расиданд

Намояндагони Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон ахиран дар шаҳри Исломобод тафоҳумномаи бунёди роҳи оҳани “Фароафғонӣ”-ро имзо карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ёддошти тафоҳум дар пайи мулоқоти гурӯҳи кории се кишвар ба имзо расид, танҳо масири нави роҳи оҳани мазкур нисбат ба лоиҳаи аввала тағйир хоҳад ёфт. “Масири роҳи оҳан аз […]

Намояндагони Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон ахиран дар шаҳри Исломобод тафоҳумномаи бунёди роҳи оҳани “Фароафғонӣ”-ро имзо карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ёддошти тафоҳум дар пайи мулоқоти гурӯҳи кории се кишвар ба имзо расид, танҳо масири нави роҳи оҳани мазкур нисбат ба лоиҳаи аввала тағйир хоҳад ёфт.

“Масири роҳи оҳан аз Тирмизи Ӯзбекистон ба Мазори Шариф ва Лугари Афғонистон гузашта, дар гузаргоҳи марзии Харлочии вилояти Пактиё ба қаламрави Покистон мерасад”, – омадааст дар хабар.

Пештар барномарезӣ шуда буд, ки роҳи оҳан тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Турхам” дар вилояти Нангарҳор ба хоки Покистон ворид шавад.

Вазорати роҳи оҳани Покистон гуфтааст, ки пайвастани хатҳои роҳи оҳани се кишвар ба рушди тиҷорати минтақаӣ, таробарӣ (транзит) ва ҳамкории дуҷониба миёни кишварҳои ширкаткунанда мусоидат мекунад.

Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳамчунин дар мавриди харитаи роҳ барои таҳқиқоти техникӣ ва манбаъҳои сармоягузорӣ ҷиҳати иҷрои зудтари ин тарҳ ба мувофиқа расидаанд.

Ба гуфтаи ҷониби Ӯзбекистон, роҳи оҳани мазкур бо тӯли 760 км тавассути Афғонистон муҳлати интиқоли бор ба Покистонро тақрибан 5 рӯз коҳиш дода, хароҷоти ҳамлунақлро бошад,  40 дарсад коҳиш медиҳад.

Тахмин меравад, ки сохтмони лоиҳаи мазкур бо ҳазинаи 6 миллиард доллар то охири соли 2027 анҷом ёфта, дар  соли 2030 тариқи роҳи оҳани “Фароафғонӣ” дар 1 сол то 15 миллион тон бор интиқол хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар сурати амалӣ шудани лоиҳаи роҳи оҳани “Фароафғонӣ”, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Русия, Ӯзбекистон ва Афғонистон ба бандарҳои Покистон дар баҳри Араб васл шуда, роҳи нав барои содироти мол ба кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ боз мешавад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.