Қарзи “Барқи тоҷик” ба “НБО Сангтӯда-1” ба 3 млрд сомонӣ наздик мешавад

Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” дар нимсолаи аввали соли равон ба ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳаҷми 1 млрд 376,55 млн киловатт-соат неруи барқ интиқол додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҶСК “НБО Сангтӯда-1”. Ин нишондиҳанда 84,27 млн киловатт-соат зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Нишондиҳанда (коэффисиент)-и истифодаи иқтидори насбшуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ […]

Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” дар нимсолаи аввали соли равон ба ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳаҷми 1 млрд 376,55 млн киловатт-соат неруи барқ интиқол додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.

Ин нишондиҳанда 84,27 млн киловатт-соат зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Нишондиҳанда (коэффисиент)-и истифодаи иқтидори насбшуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 47,6%-ро ташкил додааст.

“Сатҳи миёнаи пардохти интиқолҳои ҷорӣ аз оғози соли 2023 аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” аз 31% аз арзиши барқи интиқолёфта зиёд нест”, – зикр мешавад дар хабар.

Қарзи “Барқи тоҷик” дар нимсолаи аввал 346,81 млн сомонӣ афзуда, ба ҳолати 30 июни соли 2023 зиёда аз 2,7 млдрд сомонӣ (беш аз 247 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар хабар таъкид мешавад, ки корҳои таъмиру техникӣ дар НБО “Сангтӯда-1” мувофиқи ҷадвал гузаронида мешаванд.

“Иҷрои корҳои таъмир ба истеҳсоли неруи барқи зарурӣ дар неругоҳ таъсир намерасонад”, – илова шудааст дар хабар.

Маълумотнома: ҶСК “НБО Сангтӯда-1” корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия мебошад, ки моҳи феврали соли 2005 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи неругоҳ дар дар дарёи Вахш таъсис дода шудааст.

Иқтидори насбшудаи неругоҳи “Сангтӯда-1” ба 670 МВт баробар аст. Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми неругоҳ 20 январи соли 2008 баргузор шуд. Маросими тантанавии ба истифода додани ҳамаи чор агрегати неругоҳ 31 июли соли 2009 доир гардид.

Ягона харидори барқи истеҳсолшуда дар НБО “Сангтӯда-1” ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши онро ба истеъмолгарони ниҳоӣ таъмин мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.