Суди олии Тоҷикистон як гуруҳи фейсбукиро мамнӯъ ва экстремистӣ эълон кард

Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гуруҳи фейсбуки “Новый Таджикистан 2” ва саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни онро дар қаламрави мамлакат манъ кард. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, Додгоҳи олии Тоҷикистон 21-уми июни соли 2023 аризаи Додситони кулли кишварро “ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда”, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2”-ро ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки тибқи ҳалномаи Додгоҳи олӣ саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни он низ баста шуданд.

Додситонии кулли кишвар ба маълумоти шаҳрвандон расонидааст, ки “дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ буда, мусоидат ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад”.

Радиои Озодӣ навиштааст, ки ин саҳифаро фаъолони созмони “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, пеш мебаранд. Таъкид мегардад, ки дар ин гуруҳ умдатан навиштаҳои интиқодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон нашр мешавад.

Ин расона аз қавли яке аз роҳбарони ин гуруҳ навиштааст, ки “бастан роҳи ҳал нест, чун мардум аз ҳар тариқе хабари заруриашро пайдо мекунад ва бештар эҳтиёткору пинҳонкор мешаванд”.

Гуфтан зарур аст, ки қаблан бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023 ташкилоти “Памир дейли нюс”   (“Pamir Daily News”)  ё  “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд.

Соли 2020 Суди олии Тоҷикистон сомонаи хабарии “Ахбор”-ро ҳам мамнӯъ эълон карда, изҳор намуд, ки мундариҷаи он ба манфиатҳои “террористону ифротгароён” хидмат мекунад.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои иштирок дар ташкилоте, ки аз ҷониби суд экстремистӣ (ифротгаро) эътироф гардидаааст, ба муҳлати аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Созмонҳои байналмилалии рӯзноманигорон ва ҳомии ҳуқуқ мунтазам Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии сухан ва фишор болои журналистону блогерҳо мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...