Содироти тарбуз аз Тоҷикистон қариб 50% зиёд шуд. Дар дохили кишвар нархи он боло рафт

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи 24,1 млн доллар 103 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Дар ин бора бо асос ба маълумоти Хадамоти гумрук Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Маблағи ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 млн доллар камтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2022 содироти пиёз ба таври назаррас – 19,6% кам шудааст.

Имсол дар Тоҷикистон дар зиёда аз 17 ҳазор гектар пиёз кишт шуда, ба даст овардани ҳосили рекордӣ – ҳудуди 700 ҳазор тонна дар назар аст.

Айни замон кишоварзон дар фикри онанд, ки пиёзашонро чӣ кор кунанд. Онҳо шикоят доранд, ки харидори яклухт нест.

Ба гуфтаи онҳо, имсол арзиши аслии 1 кило пиёз ҳудуди 1,5 сомониро ташкил дода, харидорон, аз ҷумла содиркунандагон 1,8-2,2 сомонӣ пешниҳод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, содироти зироати полезӣ, асосан тарбуз ба андозаи 47,2%, хушкмева – 26,5% ва мева – 51,2% зиёд шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар ҳудуди 22,6 ҳазор гектар зироати полезиҳо кишт шудааст, ки 1,9 ҳазор гектар зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Дар зарфи 6 моҳи имсол зиёда аз 15 ҳазор тонна тарбузу харбуза ҷамъоварӣ шудааст, ки 5,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Сарфи назар аз ин, харидорон шикоят мекунанд, ки тарбуз дар кишвар гарон аст: тарбузи вазнаш миёнаи 3-4 кило на камтар аз 15 сомонӣ нарх дорад.

Деҳқонон мегӯянд, ки тарбузро дар саҳро онҳо бо нархи 2-3 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта, нархро миёнаравон боло мебаранд.

Дар навбати худ, миёнаравон шикоят мекунанд, ки хидматрасонии нақлиёт гарон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...