Президент барканор шуд. Табаддулоти давлатӣ дар Нигер

Дар Нигер, як кишвари африқоӣ, пас аз чанд рӯзи муҳосираи президент дар қароргоҳаш, гуруҳи низомиён тавассути телевизиони давлатӣ эълон карданд, ки президенти кишвар Муҳаммад Базум аз мансаб барканор карда шуд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки сарҳад баста ва дар кишвар қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст. Расонаҳо менависанд, ки табаддулотгарон афсарону аскарони Горди президентӣ мебошанд. Онҳо роҳҳои наздик […]

Дар Нигер, як кишвари африқоӣ, пас аз чанд рӯзи муҳосираи президент дар қароргоҳаш, гуруҳи низомиён тавассути телевизиони давлатӣ эълон карданд, ки президенти кишвар Муҳаммад Базум аз мансаб барканор карда шуд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки сарҳад баста ва дар кишвар қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки табаддулотгарон афсарону аскарони Горди президентӣ мебошанд. Онҳо роҳҳои наздик шудан ба қароргоҳи президентро баста, баъди гуфтугуҳо ба Базум иҷозаи берун рафтанро надодаанд.

Таъкид мешавад, ки президент Базум тасмим дошт, фармондеҳи горди президентӣ генерал Умар Тчианиро барканор кунад. Ба иттилои пешакӣ, ин тасмим метавонад сабаби шӯриш бошад.

Дастгоҳи президент гуфт, ки табаддулоти мазкурро артиши кишвар ҷонибдорӣ накардааст.

Муҳаммад Базум соли 2021 президенти Нигер интихоб шуд. Ӯ қаблан вазири корҳои дохилӣ ва корҳои хориҷии ин кишвар буд.

Нигер як давлати африқоиест, ки солҳои пеш мустамликаи Фаронса буд ва дорои захираҳои зиёдӣ табиӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.