“Одам бе душман нест”. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовинашро шарҳ дод

Asia-Plus

Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовинаш Акбар Муҳиддинзодаро тасдиқ  карда, зикр намуд, ки ӯ ҳангоми рондани мошин маст набуд.

“Акбар Муҳиддинзода соати 1 – и шаб модари беморашро ба беморхона мебурдааст, ки садама рух додааст. Ронанда не, балки пиёдагард маст буд. Илова бар ин, ягон одам бе душман нест”, – гуфт Салимзода.

Бояд закр намуд, ки қаблан расонаҳо оид ба садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода, навишта буданд, ки ҳодиса моҳи майи соли ҷорӣ дар роҳи ҷамоати деҳоти Унҷӣ рух додааст ва бар асари он сокини ин маҳал Нодирҷон Назаров ҷон бохтааст.

Худи Акбар Муҳиддинзода дар нишасти матбуотӣ ҳузур надошт ва шарҳи ҳодиса аз забони худи ӯ маълум нест. Ҳамчунин, дақиқ нест, ки дар робита садамаи нақлиётӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки боиси марги як нафар гардид, парванда боз шуда, таҳқиқ ҷараён гирифтааст ё не.

Мақомоти корҳои дохилаи кишвар низ расман ҳодисаи мазкурро шарҳ надодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...