Пирӯзии Эрон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар Душанбе

Дар Душанбе нахустин мусобиқа байни дастаҳои миллии футзал – «CAFA Futsal Cup-2023», ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи Эрон ба охир расид. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври охири мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон аз тими Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Дар ду бозии дигар Ӯзбекистон бар […]

Asia-Plus

Дар Душанбе нахустин мусобиқа байни дастаҳои миллии футзал – «CAFA Futsal Cup-2023», ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи Эрон ба охир расид.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври охири мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон аз тими Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Дар ду бозии дигар Ӯзбекистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 4:0 ва Афғонистон бо ҳисоби 3:2 бар дастаи Туркманистон дастболо шуданд.

Ба ин тариқ, тими мунтахаби Эрон, ки дар 5 бозӣ соҳиби 12 имтиёз шуд, дар ин мусобиқа ғолибият ба даст овард. Дастаи Афғонистон бо 10 хол зинаи дуюм ва Ӯзбекистон бо 9 хол зинаи сеюмро ишғол намуданд.

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар зинаи 4-ум қарор гирифт. Мунтахаби мо таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 4:2 ва Қирғизистон – 5:3 ғолиб омада, аз тимҳои Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:4 ва Эрон – 0:1 шикаст хӯрд ва вохӯриро бо тими Афғонистон мусовӣ – 2:2 анҷом дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.