Барои сохтмони неругоҳи “Роғун” якчанд бонкҳои рушд пул ваъда карданд

Asia-Plus

Тоҷикистон ба ҷалби маблағҳо аз шарикони рушд дар соли 2024 умедвор аст ва интизорӣ дорад, ки садҳо миллион доллар дарёфт мекунад.

“Барои маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аввали соли оянда якчанд созишномаҳо ба имзо хоҳанд расид", – хабар дод вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа зимни нишасати матбуотӣ дар Душанбе.

Ӯ зикр кард, ки ин ба суръатбахшӣ дар идомаи сохтмони неругоҳ имкон медиҳад.

Вазир таъкид кард, ки дар мавриди ҷалби бархе аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ: Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ аллакай тавофуқ ҳосил шудааст.

«Онҳо аллакай барои лоиҳа дастгирии молиявӣ расониданд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаи гузашта бо ҳамаи иштирокчииёни тарҳи Роғун мулоқот баргузор шуда, дар он, аз ҷумла, масъалаҳои маблағгузорӣ баррасӣ шуданд.

"Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки бояд мушаххас шаванд, аз ҷумла зарурати ба таври ниҳоӣ муайян кардани тамоми маблағи зарурӣ барои анҷом додани лоиҳа", – таъкид дошт вазир вазир.

Далер Ҷумъа зикр кард, ки сармоягузорӣ ба лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ идома дорад.

Корҳои сохтмон тибқи ҷадвал таҳти роҳбарии бевоситаи сарвазир ҷараён доранд.

Далер Ҷумъа таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир вазифаи асосӣ баланд бардоштани сатҳи об дар обанбор аст.

Вазир илова намуд, ки дар ду агрегати ин нерӯгоҳ, ки бо иқтидори кам ба кор даромад, ҳудуди 6 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, ин нишондиҳандаи хуб аст.

Тоҷикистон дархост намуд, бонкҳо расидагӣ карданд

Ёдрас мекунем, ки соли 2021 ҳукумати кишвар барои расондани кумаки молиявӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шарикони байнулмилалӣ муроҷиат кард.

Моҳи январи соли равон Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ кумаки бебозгашти молиявиро ба маблағи 15 млн доллар баҳри баланд бардоштани самаранокии татбиқи лоиҳаи неруғгоҳи “Роғун” маъқул шуморид.

Моҳи феврал ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳа дар ҳаҷми 150 млн доллар қарзи имтиёзнок бо таркибҳои грант бо Бонки исломии рушд тавофуқ ҳосил шуд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ дар бораи аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (Чин) пешниҳод гардидани қарзи имтиёзнок ба маблағи 500 млн доллар хабар дода шуд.

Охири моҳи декабри соли гузашта президенти кишвар дар паёми худ ба парлумон изҳор дошт, ки соли 2022 барои идомаи корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 315 млн доллар) маблағ равона шуд.

Бо назардошти маблағгузории солҳои пеш, аз соли 2008 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” аллакай зиёда аз 40 млрд сомонӣ масраф шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, соли ҷорӣ барои корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 2,5 млрд сомонӣ маблағҳои буҷет ҷудо карда мешаванд.

Лоиҳаи аср

Неругоҳи барқи обии “Роғун” бузургтарин чунин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, ки иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар неругоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...