Иҷозаи истифодаи телефону планшет дар мактаб барои хонандагон. Ба қонуни маориф тағйирот ворид мешавад

Вазорати маориф ва илми кишвар лоиҳаи қарор дар бораи истифодаи воситаҳои техникӣ дар мактабҳоро таҳия мекунад, ки дар сурати судури он, мамнӯъияти беш 16-солаи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо лағв мешавад. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 1-уми август дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ниҳоди зери тобеъаш ҳоло лоиҳаи наверо омода мекунад, […]

Вазорати маориф ва илми кишвар лоиҳаи қарор дар бораи истифодаи воситаҳои техникӣ дар мактабҳоро таҳия мекунад, ки дар сурати судури он, мамнӯъияти беш 16-солаи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо лағв мешавад.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 1-уми август дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ниҳоди зери тобеъаш ҳоло лоиҳаи наверо омода мекунад, ки баъди қабули он истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагон иҷоза мешавад.

“Дар чорчӯби татбиқи лоиҳаи мазкур ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” тағйирот ворид мешавад. Мутобиқи тағйирот ба қонун, хонандагон метавонанд ҳангоми дар муассисаи таълимӣ будан аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода баранд”, – гуфт вазири маориф.

Ба гуфтаи вазир, тасмими мазкур дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта гирифта шудаааст.

Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” шарҳ дод, ки дар қатори “воситаҳои техникӣ” телефонҳои мобилӣ, планшет ва нотбукҳо дохил мешаванд ва истифодаи интернет ҳам пешбинӣ шудааст.

“Аммо истифодаи ҳамаи воситаҳои техникӣ дар сурате имконпазир аст, ки аз хидматрасониҳои гуфтугӯӣ ва ба дарс нолозим худдорӣ шавад. Ба хонандагон иҷоза дода мешавад, ки аз китобҳои электронӣ истифода баранд, аудиоҳоро гӯш кунанд ва наворҳои марбут ба дарсашонро бубинанд”, – таъкид кард сухангӯи Вазорати маориф ва илм.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина ҳама китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 1 то 11 дар шакли электронӣ таҳия гардида, дар сомонаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм ҷой дода шудаанд, то хонандагон тавонанд аз онҳо самаранок истифода баранд.

Бояд гуфт, ки сар аз соли 2007 бо фармони вазири маориф ва илми кишвар бо телефони мобилӣ ба мактаб омадани хонандагон ва истифодаи он дар дохили мактабҳо манъ карда шуд.

Аммо ин фармони вазир ба таври бояду шояд амалӣ нагардид ва моҳи марти соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”-ро тасдиқ карданд, ки тибқи муқаррароти он, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ қонунан мамнӯъ эълон шуд.

Ин тасмими мақомот миёни ҷимеа назарҳои гуногунро ба миён оварда буду то ҳол ҳаст. Қисме аз падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон дар раванди дарс аз телефонҳои мобилӣ истифода баранд ва иддаи дигар бар ин назаранд, ки телефонҳо ба кӯдакон зарар доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.