Тоҷикистон ду шаҳрванди аз зиндони Қирғизистон истирдодшударо аз маҳбас раҳо кард

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки соли 2021, дар пайи муноқишаи марзӣ аз ҷониби мақомоти Қирғизистон боздошт ва зиндонӣ шуда буданд, баъди истирдод ба Тоҷикистон аз маҳбас раҳо шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, рӯзи 2 август дар суҳбати телефонӣ ба ин расона гуфтааст, баъд аз чанд соли […]

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки соли 2021, дар пайи муноқишаи марзӣ аз ҷониби мақомоти Қирғизистон боздошт ва зиндонӣ шуда буданд, баъди истирдод ба Тоҷикистон аз маҳбас раҳо шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, рӯзи 2 август дар суҳбати телефонӣ ба ин расона гуфтааст, баъд аз чанд соли талошу муроҷиатҳо, охири моҳи июл парвандаи онҳо сафед ва аз маҳбас озод шудаанд.

“Намояндаи додситонии кулл ба маҳбаси Ёвон омаданд ва гуфтанд,ки бо амри президенти Тоҷикистон парвандаи ҳардуи шумо сафед шуд ва шумо ҳеҷ доғи судӣ надоред озод ҳастед”, – гуфтаанд онҳо.

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд, хушҳоланд, ки билохира пас аз чанд сол ба назди пайвандонашон баргаштанд.

“Ба назди фарзандонамон баргаштем вақте аз маҳбас берун шудем пули роҳамонро пардохтанд ва ҳоло гириди дастурхон бо фарзандонам суҳбат дорам”, – гуфтааст Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров.

Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов 14-уми сентябри соли 2021 аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба ҳукми абад маҳкум шуда буданд. Қирғизистон ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро пас аз ҳаводиси охири моҳи апрели соли 2021 бо ҷурми "ҷиноят бар зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" айбдор карда буд.

Муфаттишон дар Қирғизистон гуфтанд, дар телефони Абдурозиқ Қаҳҳоров акси якҷояашро бо сарбозони тоҷик ёфтанд. Аскар Юнусовро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд. Хешовандони маҳкумшудагон мегӯянд, ин иттиҳом асос надорад ва муҳокима ҳам дар ноҳияи Лайлак ноодилона ва дар шароити мармуз гузашт.

Баъдан бо пофишории Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва хешу таборони маҳкумшуда ҳукми абади Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов дар мурофиаи 6-уми декабри соли 2021 ба 20 соли зиндон тағйир дода шуд. Дертар онҳо барои идомаи ҷазо ба Тоҷикистон истирдод гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.