Дарозтарин нақб дар роҳи Душанбе – Кӯлоб барои таъмир баста шуд

Asia-Plus

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Хатлон”, ки лар роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ воқеъ аст, то 17 августи соли ҷорӣ боздошта мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Сабабаш “баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва беҳтар намудани вазъи бехатарии ҳаракати нақлиёт дар километри 36-уми роҳи мошингарди Душанбе- Кӯлоб маънидод мешавад.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар муддати ду ҳафтаи наздик аз роҳи пешина – тарқи ағбаи Чормағзак истифода кунанд.

Нақби автомобилгарди “Хатлон” моҳи октябри соли 2013 ба истифода дода шуд. Масофаи он 4430 метрро ташкил медиҳад.

Иншооти мазкур, ки арзишаш ҳудуди 70 млн долларро ташкил медиҳад, аз ҷониби ширкати China Road-и Чин дар зарфи се сол сохта шуд.

Дар километри 68-уми роҳи Душанбе – Кӯлоб ҳамчунин нақби “Озодӣ (собиқ Шар-Шар) бо масофаи 2224 метр воқеъ аст, ки бо харҷи 38 млн доллар сохта шуда, моҳи августи соли 2009 ба истифода дода шуд. Амалисозии лоиҳаи сохтмони онро Корпоратсияи сохтмони роҳи оҳани Чин (CREC) анҷом дод.

Айни замон дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 нақб сохта шудааст, ки масофаи умумии он зиёда аз 18 км-ро ташкил медиҳад. Ҳамаи онҳо дар ду даҳсолаи ахир ба маблағи умумии беш аз 250 млн доллар сохта шудаанд.

Ба ҷуз ду нақби дар боло зикршуда, боз се нақб дар роҳи мошингарди пайвасткунандаи Душанбе бо қисмати шимолии кишвар (вилояти Суғд) – “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Дӯстӣ” амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...