Шералӣ Кабир: “Тоҷикистон уҳдадор аст, ки саноати мудофиаи худро дошта бошад”

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 7 август изҳор дошт, ки моҳи майи соли 2023 дар Тоҷикистон корхонаи “Сипар гурӯҳ” мавриди истифода қарор гирифт, ки ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ машғул аст. Шералӣ Кабир зикр кард, ки техникаи зиреҳпӯши дар Тоҷикистон истеҳсолшуда аз ин гуна мошинҳое, ки имрӯз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 7 август изҳор дошт, ки моҳи майи соли 2023 дар Тоҷикистон корхонаи “Сипар гурӯҳ” мавриди истифода қарор гирифт, ки ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ машғул аст.

Шералӣ Кабир зикр кард, ки техникаи зиреҳпӯши дар Тоҷикистон истеҳсолшуда аз ин гуна мошинҳое, ки имрӯз дар Ӯзбекистону Қазоқистон истеҳсол карда мешаванд, ҳеҷ камие надорад.

Зикр шуд, ки айни замон дар Вазорати саноат шуъбаи махсус оид ба рушди саноати мудофиа амал мекунад.

Ба гуфтаи вазири саноат, техника ва мошинҳои зиреҳпӯш дар Тоҷикистон аз рӯи технологияҳои Канада истеҳсол карда мешаванд.

Яке аз бартариҳои техникаи зиреҳпӯши Тоҷикистон дар он аст, ки барои чархҳои онҳо металли босифат аз захираҳои маҳаллӣ истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи “Сипар гурӯҳ” ба истифода дода шуд, ки самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.

Дар ин корхона, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондод афзоиш дода мешавад.

Иқтидори солонаи корхонаи нави саноатӣ ҷамъу васли 120 нақлиёт мебошад ва оянда бо назардошти талабот ин рақам афзоиш хоҳад ёфт.

Мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Ҳамчунин оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст.

Лекин дар бораи чӣ миқдор истеҳсол шудан то ин дам ва ба Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ равона гардидани онҳо вазир маълумот надод.

Тирамоҳи соли 2022 хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон баҳри таъмини амнияти худ истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Ababil-2-ро ба роҳ монд.

Дар ин робита Шералӣ Кабир изҳор намуд, ки ин лоиҳаи Вазорати саноат нест, лекин дар оянда метавон истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишинро бо ҳадафҳои истифодаи он дар ҳаёти осоишта роҳандозӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио