Дар Тоҷикистон фермерҳо 5 млн гектар заминро дар ихтиёр доранд

Зиёда аз 5 млн гектар замин дар Тоҷикистон дар ихтиёри фермерҳо қарор дорад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 7 август раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода. Дар саросари кишвар шумори хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ба зиёда аз 195 ҳазор адад расида, беш аз 796 ҳазор нафар саҳмиядорони ин хоҷагиҳо мебошанд. “Дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Зиёда аз 5 млн гектар замин дар Тоҷикистон дар ихтиёри фермерҳо қарор дорад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 7 август раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода.

Дар саросари кишвар шумори хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ба зиёда аз 195 ҳазор адад расида, беш аз 796 ҳазор нафар саҳмиядорони ин хоҷагиҳо мебошанд.

“Дар вилояти Суғд беш аз 990 ҳазор гектар, вилояти Хатлон – ҳудуди 1,1 млн гектар, ВМКБ – беш аз 2 млн гектар ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ – наздики 915 ҳазор гектар замин байни хоҷагиҳои фермерӣ тақсим карда шудааст”, – иброз дошт Ориф Хоҷазода.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар кишвар ҳудуди 7 млн гектар замин дар бахши кишоварзӣ истифода мешавад, ки аз он зиёда аз 4 млн гектараш чарогоҳ буда, ҳамагӣ 762,8 ҳазор гектараш заминҳои обёришаванда мебошанд.

Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ 776 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуда, ояндаи наздик боз 2180 гектар замин низ ба гардиш дароварда мешаванд.

Дар нишасти матбуотии қаблӣ Ориф Хоҷазода изҳори итминон карда буд, ки бо вуҷуди хеле кам будани заминҳои обёришаванда барои ҳар сари аҳолии Тоҷикистон – тақрибан 0,06 гектар, онҳо имкон доранд, ки аҳолии на камтар аз 50 млн нафарро бо ғизо таъмин кунанд.

Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки барои бештар ҳосилхез шудани заминҳои Тоҷикистон, бояд ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ – кооперативҳо, кишоварзон, моликони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ муносибати худро ба замин ба куллӣ тағйир диҳанд.

Бино ба маълумоти Кумита, бисёр қонуншиканиҳо дар ин соҳа маҳз бо сабаби ғайриоқилона истифода шудани замин ба вуҷуд меоянд.

Дар соли ҷорӣ 7803 ҳолати нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи замин ошкор шудааст. Маблағи умумии ҷарима барои онҳо зиёда аз 3,6 млн сомониро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.