Корхонаи бузурги коркарди нафт дар Данғара нафт мекобад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар нишасти матбуотии имрӯз, 10 август муовини якуми вазири рушди иқтисодии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода хабар дод, ки технологияи корхонаи коркарди нафт дар қаламрави Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” барои истифода аз нафти сабук пешбинӣ шудааст.

Ӯ зикр кард, ки дар ин корхона технологияҳои Чин насб шудааанд, зеро сармоягузори асосии он аз ин кишвар мебошад.

Ба гуфтаи Солеҳзода, ин технология барои коркарди нафти сабук пешбинӣ шуда, аз ин рӯ, ашёи хом аз Қазоқистон ва Русия ба ин корхона дуруст намеояд.

Муовини якуми вазир таъкид дошт, ки айни замон ҷиҳати интиқоли ашёи хоми зарурӣ ба корхона аз Озарбойҷон ва Амороти Муттаҳидаи Араб гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Ғайр аз ин, илова намуд Солеҳзода, масоили логистикӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, ҷиҳати дарёфти вагонҳои интиқоли нафт корҳо роҳандозӣ шудаанд ва инчунин оид ба пешниҳоди имтиёз ба интиқоли транзитии ашёи хом тарқи қаламрави кишварҳои ҳамҷавор гуфтушунидҳо шуда истодаанд.

Корхонае, ки солҳои зиёд мавриди истифода қарор намегирад

Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи бузурги коркарди нафти TK-Oil дар қаламрави МОИ “Данғара” бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хоми муносиб аз соли 2018 мавқуф гузошта мешавад. Баъзан хабар дода мешуд, ки ният доранд, ки ба ин корхона нафтро аз Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон интиқол диҳанд.

Сохтмони корхонаи мазкур соли 2014 оғоз гардида, коркарди 1,2 млн тонна нафт дар як солро ташкил медиҳад.

Ин иншооти саноатиро корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин TK-oil сохтааст, ки тарафи ширкати Dong Ying heli Investment and Development таъсис ёфтааст.

Коршиносони мустақил ҳанӯз аз оғози замони сохтмони корхона аз бунёди чунин корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави кишвар, ки захираҳои кофии нафт надорад изҳори тааҷҷуб мекарданд.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, соли 2022 ҳаҷми истихроҷи нафт дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 25 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки қариб 50 баробар камтар аз талаботи лоиҳавии корхонаи коркарди нафт дар Данғара мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, соли 2022 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 510 тонна бензин, 4 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (солярка), 5,1 ҳазор тонна мазут ва 3,2 ҳазор тонна битум истеҳсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати энергетика, соли 2022 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, аз ҷумла:   

– 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;

– 320 ҳазор тонна бензин;

– 60 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ;

– 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ;

– 30 ҳазор тонна битум ва мазут;

– 1,2 ҳазор тонна дигар маҳсулоти нафтӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...