Шахсе, ки 2,5 млн сомонӣ пули ширкати “Омега-фудс”-ро дар автомашина оташ зад, боздошт шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кормандони милитсияи Душанбе Муҳаммадшариф Ҷӯраеви 39-соларо, ки ба оташзании пулҳои нақди ширкати “Омега-фудс” ба маблағи ҳудуди 2,5 млн сомонӣ дар автомашинаи шахсиаш гумонбар дониста мешавад, боздошт намуданд. Гузориш дар ин бора дар барномаи махсуси ВКД “Ахбори ВКД” намоиш дода шуд.

Дар гузориш гуфта мешавад, Ҷӯраев ҳангоми кор дар ширкат вазифадор мешавад, ки 3,5 млн сомонӣ маблағро ба бонк гузаронад. Аммо, тибқи фарзияи пешакии тафтишот, қисмате аз ин пулҳо – ҳудуди 1 млн сомониашро ӯ ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.

“Бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти худ, ӯ ба маблағи боқимонда- ҳудуди 2,5 млн сомонӣ, ки дар дохили халтаҳо дар автомашинааш буданд, бензин рехта, онҳоро оташ мезанад”, – зикр мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 1 август дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, мақсади оташзании пулҳо ташкил кардани намуди зоҳирии бардурӯғ будааст: яъне гӯё ҳамаи пулҳо – 3,5 млн сомонӣ ҳангоми сӯхтор бо сабабҳои техникӣ нобуд шудаанд.

Зимни гузориш зикр мегардад, ки дар ҷараёни тафтишот Муҳаммадшариф Ҷӯраев ба гуноҳи худ иқрор шудааст.

Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 255, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Барқасдона нобуд кардани амвол) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар сурати тасдиқи гуноҳ, ба ӯ ҷаримаи калон ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...