Дар индекси озодии иқтисод Тоҷикистон дар зинаи 146-ум қарор дорад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Индекс (шохис)-и озодиҳои иқтисодӣ-2023 Тоҷикистон ба нишондиҳандаи 50,6 балл расида, дар радабандӣ зинаи 146-умро ишғол намуд.

Зикр мешавад, ки тайи соли ахир баҳо ба андозаи 0,9 балл боло рафтааст. Байни 39 давлати минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Тоҷикитсон дар зинаи 31-ум боқӣ монда, балли умумии он ҳам аз рӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва ҳам минтақавӣ аз нишондиҳандаи миёна поинтар аст.

Дар радабандии соли 2023 дар рӯйхати кишварҳои иқтисодашон озод (зиёда аз 80 балл) танҳо 4 давлат қарор доранд: Сингапур (83,9 балл), Швейтсария (83,8 балл), Ирландия (82 балл) ва Тайван (80,7 балл).

Ин таҳқиқот ҳамасола аз ҷониби газетаи Wall Street Journal ва маркази таҳқиқоти Heritage Foundation гузаронида шуда, радабандӣ 184 давлатро фаро мегирад.

Ба ақидаи коршиносон, рушди иқтисодии Тоҷикистон аз аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ ақиб мондааст, ки ин қисман ба вобастагии зиёди он аз содироти маҳсулоти ашёи хом ва ба таври кофӣ гуногунсамт набудани иқтисод марбут аст.

Тағйирёбии доимии бозор иқтисоди онро осебпазир мегардонад. Муҳаққиқон мегӯянд, мушкили фасод ҳалношуда боқӣ монда, принсипи волоияти қонун беҳбудӣ мехоҳад ва ин ҷиҳати расидан ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ монеъа эҷод мекунад.

Дар таҳлил аз ҷумла зикр мешавад, ки бо вуҷуди рушди иқтисодии начандон зиёд, Тоҷикистон яке аз кишварҳои камбизоати Осиё боқӣ монда, вобастагияш аз интиқоли маблағҳои пулӣ ва қочоқи маводи мухаддир идома меёбад. Нишондиҳандаҳои ҳуқуқи моликият дар кишвар, самаранокии низоми судӣ ва фасоднопазирии  ҳукумат аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ пасттаранд.

Дар самти самаранокии танзими тиҷорат ва боз будани бозорҳо низ мушкилот ҷой дорад. Фаъолияти соҳибкорӣ бо сабаби дахолати давлат ва расмиётчигӣ (бюрократизм) мушкил шудааст. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, дар муносибатҳои корӣ низ нофаҳмиҳо вуҷуд доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...