Додраси гумонбар ба сӯистифода аз мансаб бо 75 ҳазор сомонӣ ҷарима раҳо шудааст

Як додраси тоҷик, ки бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла сӯистифода аз мансаб, сохтакории хидматӣ ва баровардани ҳукми ғайриқонунӣ айбдор мешуд, бо пардохти тақрибан 75 ҳазор сомонӣ аз толори додгоҳ озод шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми август, хабар доданд. Шавқат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, Зафар […]

Asia-Plus

Як додраси тоҷик, ки бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла сӯистифода аз мансаб, сохтакории хидматӣ ва баровардани ҳукми ғайриқонунӣ айбдор мешуд, бо пардохти тақрибан 75 ҳазор сомонӣ аз толори додгоҳ озод шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми август, хабар доданд.

Шавқат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, Зафар Қодирзода, додраси собиқи Додгоҳи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои содир кардани ҷиноятҳои сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ ва дидаю дониста қабул кардани санади судии ғайриқонунӣ бо пардохти 74 ҳазору 800 сомонӣ ё 1100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ҷарима, аз толори додгоҳ раҳо гардид.

Қаблан, гуфта мешуд, ки бар зидди Зафар Қодирзода бо иттиҳоми “гирифтани пора ва қаллобӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Зафар Қодирзода моҳи декабри соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз вазифаи додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат озод ва ба вазифаи додраси Додгоҳи ВМКБ таъин шуда буд.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ дар нишатси матбуотии имрӯза гуфт, дар 6 моҳи соли равон 2 додрас даст ба ҷиноят задаанд, ки яке Зафар Қодирзода, додраси собиқи ВМКБ ва дигарӣ Насрулло Садриддинзода, раиси собиқи Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд.

Ӯ афзуд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Насрулло Садриддинзода мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад ва ҳоло барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ворид нашудааст.

Қаблан "Радиои Озодӣ" хабар дода буд, ки Насрулло Садриддинзода ба гирифтани 23 ҳазор сомонӣ (ду ҳазор доллар) аз як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ришва гумонзад аст ва ба зидди ӯ бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ (гирифтани пора) парванда кушодаанд.

Ӯ то таъин шудан ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар моҳи феврали соли 2020, ба ҳайси муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Спитамен кор кардааст.

Ҳардуи ин додрас рӯзҳи 23-уюми майи соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикитсон барои кирдоре ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад" аз вазифа озод гардида буданд.

Нигаронии раис аз ҷинояткории дордрасҳо: камбудии роҳбарияти Додгоҳи олӣ аст…

Раиси Додгоҳи олӣ содир гардидани ҷиноят аз ҷониби додрасҳоро ҳолати ташвишовар унвон кард ва гуфт, ин камбудии роҳбарияти Додгоҳи олӣ аст, ки ҳангоми интихобу ҷобаҷокардани кадрҳо кирдорҳои ғайриқонунии онҳо аз мадди назар дур мемонад.

“Вақте ки додрас ҷиноят содир мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад. Лекин ин ҳолатҳо боварии мардумро нисбат ба мақомоти судӣ коста намегардонад, чунки дар Тоҷикистон 443 додрас фаъолият мекунанд. Ин ҳолат роҳбарияти Додгоҳи олиро водор мекунад, ки чораҳои қатъӣ ва иловагиро дар самти интихоби дуруст ва ҷобаҷогузори кадрҳо дар мақомоти судӣ ба роҳ монанд”,- гуфт раиси додгоҳи олӣ.

Шермуҳаммад Шоҳиён иттилоъ дод, ки дар нимсол додрасҳои кишвар 203 адад қарори ғайриқонунӣ қабул кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 адад зиёд мебошад. Ба таъкиди вай, ҳамаи ин қарорҳои додрасҳо бекор шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, зимни санҷиши фаъолияти додрасҳо нисбати 8 додрас муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст.

Соли гузашта 4 додрас даст ба ҷиноят, аз ҷумла ришвахорӣ зада буданд ва нисбати ҳамаи онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ гардидааст.

Охири моҳи майи соли 2022 президент бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро аз вазифаи раиси Суди шаҳри Хуҷанд, Рустам Маҳмадсаидзодаро – аз вазифаи судяи Суди шаҳри Хуҷанд ва Раҳмиддин Раҳимзодаро – аз мансаби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барканор карда буд.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан 30 нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ