Ҳамлагари оромгоҳи Шоҳчароғи Эрон шаҳрванди Тоҷикистон будааст

Яке аз гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғи Эрон, ки боиси кушта шудани 4 нафар ва захмӣ гаштани 8 тани дигар гардид, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар ин бора хабаргузории эронии “Тасним” иттилоъ додааст. Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои истихбороти Эрон то кунун 10 нафарро дар иртибот бо ҳамлаи маргбори ин макони мазҳабии Шероз боздошт кардаанд. “Ҳамаи […]

Asia-Plus

Яке аз гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғи Эрон, ки боиси кушта шудани 4 нафар ва захмӣ гаштани 8 тани дигар гардид, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар ин бора хабаргузории эронии “Тасним” иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои истихбороти Эрон то кунун 10 нафарро дар иртибот бо ҳамлаи маргбори ин макони мазҳабии Шероз боздошт кардаанд.

“Ҳамаи гумонбарони боздоштшуда шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Яке аз он дастгиршудагон шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ҳангоми бозпурсии аввал бо номи Раҳматуллоҳ Наврузов муаррифӣ шуд”, – гуфтааст як масъули истихбороти Эрон.

Ӯ афзудааст, ки макони террористҳо дар Шероз низ ошкор шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ба ин хабар вокуниш накардаанд.

Бояд гуфт, ки бар асари ҳамлаи террористии шоми дирӯз, 13-уми август ба мақбараи Шоҳчароғ, воқеъ дар шаҳри Шерози Эрон, 4 нафар ба ҳалокат расида ва 8 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 26-уми октябри соли гузашта низ ба мақбараи Шоҳ Чароғ ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар натиҷа 13 нафар ҳалок ва 40 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.