Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми Хуршед Фозиловро бетағйир гузоштааст

Додгоҳи вилояти Суғд шикояти Хуршед Фозилов, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик ва вакилони дифои ӯро дар мавриди бекор кардани ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент бетағйир гузоштааст. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми август дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд. Масъулуни ин ниҳод гуфтанд, марҳилаи касатсионии додгоҳи Хуршед Фозилов як моҳи пеш, 12-уми июл баргузор гардида, […]

Додгоҳи вилояти Суғд шикояти Хуршед Фозилов, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик ва вакилони дифои ӯро дар мавриди бекор кардани ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент бетағйир гузоштааст. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми август дар нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.

Масъулуни ин ниҳод гуфтанд, марҳилаи касатсионии додгоҳи Хуршед Фозилов як моҳи пеш, 12-уми июл баргузор гардида, додгоҳи вилоят қарори 7 сол ҳабси ӯро бетағйир гузоштааст.

Рӯзи 26-уми майи соли 2023 Додгоҳи шаҳри Панҷакент дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд Хуршед Фозиловро ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ  7 сол равонаи зиндон карда буд.

Пас аз ҳукм, пайвандон ва вакилони дифои рӯзноманигор ба зинаи касатсионии Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурда буданд.

Акнун маълум нест, ки наздикон ва ваиклони дифои Хуршед Фозилов ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят бурдаанд ё не.

Яке аз наздикони ин рӯзноманигор аз ин тасмим изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, як ҳафта пештар Хуршед Фозилов аз Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ба зиндон интиқол ёфт.

Мақомот Хуршед Фозиловро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мекунанд. Вале худи Хуршед Фозилов, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надоштааст.

Пештар аз ин Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин рӯзноманигорро раҳо карда, ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳад.

Хуршед Фозилов,  ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт, 6-уми марти соли 2023 аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.

Дар як соли охир ин аллакай, панҷумин рӯзноманигори тоҷик аст, ки аз сӯи мақомот боздошт ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дар кишвар ё моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ гумонбар аст.

Аз ин пеш, Далери Имомалӣ, Абудуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, чор рӯзноманигори тоҷик айнан бо ҳамин ҷурм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ аз 7 то 10 сол аз озоӣ маҳрум карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.