Блогерони тоҷик дар ним сол 1,2 млн сомонӣ андоз супориданд

То 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон 82 шахсии ҳуқуқие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорӣ ба сифати блогер машғул аст, ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 теъдоди блогерон ба миқдори 49 нафар зиёд шудааст. Мувофиқи эъломияҳои ба Кумитаи андоз пешниҳодшуда, даромади онҳо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон 82 шахсии ҳуқуқие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорӣ ба сифати блогер машғул аст, ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 теъдоди блогерон ба миқдори 49 нафар зиёд шудааст.

Мувофиқи эъломияҳои ба Кумитаи андоз пешниҳодшуда, даромади онҳо дар зарфи 6 моҳи соли равон 10 млн сомонӣ (ҳудуди 918 ҳазор доллар)-ро ташкил додааст. Аз ҳисоби ин даромад ба буҷети кишвар 1,2 млн сомонӣ (110 ҳазор доллар) ворид шудааст.

Дар Кумита зикр мекунанд, ки барои бақайдгирии блогерон ба сифати андозсупорандагон тадбирҳои зарурӣ рӯйи даст мегиранд.

Моҳи марти соли ҷорӣ Кумитаи андоз ному насаби 29 блогери маъруфро нашр кард, ки тибқи маълумоти ин ниҳод, ба “тиҷорати ғайриқонунӣ машғул буда, аз даромадҳои худ андоз пардохт намекунанд”.

Қобили зикр аст, ки бақайдгирии блогерон дар мақомоти андози Тоҷикистон аз соли 2020 оғоз шуд.

“Мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд. Шахсоне, ки бо кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, андоз пардохт мекунанд, блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, бояд  андоз пардохт намоянд”, – гуфта буд як корманди Кумитаи андоз дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ