Аз таркиши НФС дар Махачқалъа 27 кас ҳалок шуд

Теъдоди ҳалокшудагон аз таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар шимоли шаҳри Махачқалъа то 27 нафар расид, ки 3 нафарашон кӯдакон мебошанд. Дар ҳамин ҳол, муовини якуми вазири тандурустии Русия Виктор Фисенко изҳор доштааст, ки теъдоди осебдидагон то 66 нафар афзуда, вазъи солимии 10 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад РБК. Таркиш дар нуқтаи […]

Asia-Plus

Теъдоди ҳалокшудагон аз таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар шимоли шаҳри Махачқалъа то 27 нафар расид, ки 3 нафарашон кӯдакон мебошанд. Дар ҳамин ҳол, муовини якуми вазири тандурустии Русия Виктор Фисенко изҳор доштааст, ки теъдоди осебдидагон то 66 нафар афзуда, вазъи солимии 10 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад РБК.

Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Нафта-24»-и ноҳияи Қумторқалъа тақрибан соати 22:00 рух додааст. Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар аввал бинои хидматрасонии мошинҳо оташ гирифта, баъдан оташ ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мегузарад ва сипас зарфи газу ҳаво таркидааст. Сӯхтор баъди тақрибан 4 соати таркиш хомӯш карда шудааст.

Роҳбари минтақа Сергей Меликов таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ба таркиши зарфҳои рӯ ба рӯи ин нуқта марбут донистааст.

«Сабабҳо ва хусусияти таркиш муайян карда мешаванд. Контейнерҳои рӯбарӯи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таркида, дар натиҷа оташ аланга гирифта, сӯхтор ба амал омад», – гуфтааст ӯ.

Додситонии Доғистон ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ карда, мақомоти маҳаллӣ интиқоли газро дар ноҳияи Қумторқалъа қатъ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио