Ҷанги иттилоотӣ чист ва чӣ ҳадафҳо дорад?

Дар замони имрӯз иттилоот нақши муҳим мебозад, чун бештари бозиҳои сиёсӣ, ҷанги кишварҳои абарқудрат, муборизаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ бо пахши иттилооти махсуснигаронидашуда сурат мегирад, на ба бомбу куштор, тирзаниву тарконидан. Касе иттилооти зиёд ва таъсирбахш пахш менамояд ва ба ҳадафи худ мерасад, ғолиб дониста мешавад. Бинобар ин имрӯз тасмим гирифтем дар бораи силоҳи хавфноки замони […]

Asia-Plus

Дар замони имрӯз иттилоот нақши муҳим мебозад, чун бештари бозиҳои сиёсӣ, ҷанги кишварҳои абарқудрат, муборизаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ бо пахши иттилооти махсуснигаронидашуда сурат мегирад, на ба бомбу куштор, тирзаниву тарконидан. Касе иттилооти зиёд ва таъсирбахш пахш менамояд ва ба ҳадафи худ мерасад, ғолиб дониста мешавад.

Бинобар ин имрӯз тасмим гирифтем дар бораи силоҳи хавфноки замони муосир, ки дунёро иваз намуда, халқро ба хиёбонҳо кашонида бар зидди якдигар шӯронида истодааст, маълумот диҳем.

Ҷанги замони муосирро, ки тариқи иттилоот сурат мегирад ба истилоҳ “ҷанги иттилотӣ” мегӯянд. Имрӯз мо дар бораи кай пайдо шудан, бо чӣ нақшаҳо роҳандозӣ кардан ва оқибатҳои он маълумот хоҳем дод.

Ҷанги иттилоотӣ чист?

Мафҳуми ҷанги иттилоотӣ аз забони англисӣ буда, метавонад ҳамчун "муқовимати иттилоотӣ" ё "ҷанги иттилоотӣ – психологӣ" тарҷума шавад, ки он аз матни ҳуҷҷати расмӣ ё нашри илмӣ вобаста мебошад.

Ҷанги иттилоотӣ – ҷангест бо ёрии технологияҳои иттилоотӣ, ки дар он василаи асосии мубориза иттилоот аст. Дар ин бора файласуф ва мунаққиди канадагӣ Маршалл МакЛухан соли 1962 дар китоби худ “Галактикаи Гутенберг” таъкид кардааст.

“Ҷанги ҳақиқии комил ин ҷанг тавассути иттилоот аст. Он ба таври возеҳ тавассути воситаҳои электронии иртибот амалӣ мешавад. Ин ҷанги доимӣ ва бераҳмона аст ва аслан дар он қариб ҳама ширкат мекунанд", – гуфтааст ӯ.

Ҷанги иттилоотӣ метавонад сохторҳое, ки мақомот таъсис медиҳанд, инчунин ҷамоаҳои алоҳида, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаро дар бар гирад. Ҷанги иттилоотӣ доимӣ буда он на танҳо дар давраи муборизаи мусаллаҳона, балки дар давраи осоишта низ давом меёбад. Ҷанги иттилоотӣ шакли душвортарини муқовимати иттилоотӣ мебошад.

Мувофиқи таърифи Манойло А.В. (2005), ҷанги иттилоотӣ ҷараёни муқовимати ҷомеаҳои башарӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ё дигар сатҳи стратегӣ тавассути таъсир расонидан ба аҳолии мулкӣ, мақомот ва (ё) қувваҳои мусаллаҳи ҷониби муқобил, бо роҳи паҳн кардани иттилоот, маводи махсус интихобшуда ва омодашуда мебошад.

Ҷанги иттилоотӣ чӣ ҳадаф дорад?

Ҷанги иттилоотӣ бо ҳадафҳои гуногун роҳандозӣ карда мешаванд. Он бо роҳи пахши маълумоти бардурӯғ, сиёҳкунии рақибон ва тафсири ҳодисаҳои гуногун ба манфиат ва нафъи худ, ҷалб намудани афкори омма барои пуштибонии хеш аст. Истифодаи моҳирона ва пахши ҳадафмандонаи он тарафдорони зиёдеро гирди гурӯҳи пахшкунандаи он ҷамъ меоварад.

Бинобар ин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қурбони дасткориҳои ҷанги иттилоотӣ нашавед, манбаъҳои иттилоотро тафтиш намоед, маводҳои хабариро аз чанд расона хонед ва тафаккури интиқодии худро ба кор баред ва саводи расонаии худро рушд диҳед.

Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио