Дар “Zagreb Grand Prix 2023” Тоҷикистонро 5 ҷудокор муаррифӣ мекунанд

Дар мусобиқаи байналмилалии “Zagreb Grand Prix 2023” оид ба гӯштини ҷудо, ки аз 18 то 20-уми август дар  Хорватия баргузор мешавад, Тоҷикистонро 5 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд. Манбаъ гуфт, дар ин мусобиқа Муҳаммадсолеҳ Қувватов  ва  Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60кг,  Обид Ҷебов дар вазни то 66 […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи байналмилалии “Zagreb Grand Prix 2023” оид ба гӯштини ҷудо, ки аз 18 то 20-уми август дар  Хорватия баргузор мешавад, Тоҷикистонро 5 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дар ин мусобиқа Муҳаммадсолеҳ Қувватов  ва  Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60кг,  Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг  ва Ҷаҳонгир  Маҷидов  дар вазни  то  90 кг ширкат хоҳанд кард.

Маросими қуръакашии Мусобиқаи байналмилалии “Zagreb Grand Prix 2023” оид ба гӯштини ҷудо 17 август доир мешавад ва он аз рӯи ҳафт вазн миёни мардон ва ҳафт вазн байни занон сурат мегирад.     

Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, ки дар рӯзи аввали мусобиқот – 18-уми август – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад.

Рӯзи дувуми мусобиқа – 19-уми август – ҷудокорони вазнҳои -73 кг, -81 кг байни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд.

Рӯзи 20-уми август дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг байни занон баргузор мешавад.                                                                             

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа 561 ҷудочӣ- 339 мард ва 222 зан аз 88 давлати дунё барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ қувваозмоӣ менамоянд.

Ба ғолибони мусобиқа, дар баробари медал, мукофоти пулӣ низ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 3000 евро, барои ҷойи дувум 2000 евро ва барои ҷойҳои севум 1000-евроӣ супурда хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ