Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, аксбардори собиқи президенти Тоҷикистон даргузашт

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, аккоси моҳир ва суратгири собиқи раисҷумҳури Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону ҳамкорони марҳум хабар доданд. Ӯ солҳои охир дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” фаъолият мекард. Муҳиддинҷонов соли 1950 дар Фархор, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1977 Донишгоҳи давлатии шаҳри Саратови Федератсияи Русияро бо […]

Asia-Plus

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, аккоси моҳир ва суратгири собиқи раисҷумҳури Тоҷикистон дар синни 73-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону ҳамкорони марҳум хабар доданд.

Ӯ солҳои охир дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” фаъолият мекард.

Муҳиддинҷонов соли 1950 дар Фархор, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1977 Донишгоҳи давлатии шаҳри Саратови Федератсияи Русияро бо ихтисоси филолог-муаллими забони русӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро ба ҳайси шогирди рассоми комбинати хизмати маишии ноҳияи Фархор ва баъдан мухбир-суратгири рӯзномаи “Гулистон”-и ноҳияи Фархор оғоз намуда, то аксбардори раисҷумҳури Тоҷикистон расидааст.

Ӯ як муддат мураббии хобгоҳи Техникуми геологии Тоҷикистон, мудири шуъбаи сурат-ахбори “ТоҷикТА”, сармуҳаррири редаксияи “Фотохроника”-и “ТоҷикТА”, мухбир-суратгири рӯзномаи “Тоҷикистон” низ кор кардааст.

Солҳои охир ҳамчун мухбир-суратгири Маркази иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, ки дертар ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ивази ном кард, фаъолият намудааст.

Мақсудҷон Муҳиддинҷонов солҳои зиёд ҳамчун суратгири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати шоиста намудааст.

Хизматҳои ӯ бо медали “Хизмати шоиста” ва “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудаанд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.