“Ҳақи таълим ва маоши омӯзгорон тағйир намеёбад”. Дар Литсейи Оқохон директори нав таъйин шуд

Asia-Plus

Дирӯз, 23-юми август, директори навтаъини Литсейи Оқохон аз ҷониби муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раиси шаҳри Хоруғ барои муаллимон муаррифӣ гардид. Дар ин бора рӯзномаи “Нигини Хоруғ” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Давлатов Хушбахт Шерович директори нави Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ, ки бо номи Литсейи Оқохон маъруф аст, таъйин гардидааст.

Директори навро Абдулназар Абдулназарзода, муовини раиси ВМКБ ва Ризо Назарзода, шаҳрдори Хоруғ муаррифӣ кардаанд.

“Роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ аз роҳбарияти нави муассиса ва ҳайати омӯзгорони он даъват карданд, ки шурӯъ аз пагоҳ ба фаъолияти муқаррарии худ идома бахшанд ва ба соли нави хониш омодагии ҷиддӣ бинанд”, – менависад рӯзномаи “Нигини Хоруғ”.

Манбаъ афзудааст, Хушбахт Давлатов, директори нави муассиса вазифадор карда шуд, ки ба фаъолияти муассиса такони ҷиддӣ бахшида, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар он чораҳои дахлдор андешад.

Ин нашрия менависад, ки сокинони вилоят ва шаҳри Хоруғ метавонанд ба муассиса ҳозир шуда, вобаста ба раванди таълиму тарбияи фарзандон ва омодагии онҳо ба соли нави хониш бо омӯзгорон корбарӣ намоянд.

“Ҳақи таълими хонандагон ва маоши ҳайати омӯзгорон бо тартиби қаблӣ нигоҳ дошта мешавад”, – таъкид кардааст рӯзномаи “Нигини Хоруғ”.

Дар робита ба ин аз дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “директори нав аз ҷониби ҳукумати шаҳри Хоруғ таъйин шудааст ва ин аслан ба салоҳияти онҳо рабт дорад”.

Гуфтан ба маврид, ки Литсейи Оқохон муассисаи таълимии зертобеи Шабакаи Оқохон буда, соли 2000 дар шаҳри Хоруғ ташкил шудааст.

Пас аз 23 соли фаъолият, ду моҳи пеш он давлатӣ карда шуд. Минбаъд ин муассисаи таълимӣ чун “Литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат” ва зери назари Вазорати маориф ва илм ва ҳукумати шаҳри Хоруғ фаъолият мекунад.

Қаблан сабабҳои давлатӣ шудани ин литсейро мақомот ба таври  гуногун шарҳ дода буданд.

Тақдиршо Тақдиров, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор, ки роҳбарии комиссияи санҷиши Литсейи Оқохонро ба зимма дошт, рӯзи 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар пайи санҷиши литсейи Оқохон маълум намудаанд, ки бо вуҷуди дар давраи истиқлолият хусусӣ шудани ин литсей, дар зери қарори иҷорадиҳии он муҳри замони шӯравӣ гузошта шудааст.

“Ин иҷора аст ва ё мубодила? Бар замми ин, зери қарори раиси шаҳри Хоруғ муҳри давраи шӯравӣ зада шудааст”, – гуфта буд Тақдиршо Тақдиров.

Аз ин пештар Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки “сабаби асосии давлатӣ кардани литсейи Оқохон берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он мебошад”.

Ӯ ҳам таъкид карда буд, ки низоми таълим дар кишварро Стандарти давлатии таҳсилот муайян ва муқаррар мекунад, вале “он аз ҷониби муаллимони литсейи Оқохон сарфи назар шудааст”.

Ёдовар мешавем, ки литсей ягона муассисаи зертобеи шабакаи Оқохон нест, ки давлатӣ карда мешавад. Қаблан Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Додситонии ВМКБ аз онҳо тақозо кардааст, то сертификати ҳуқуқи истифодаи замини Донишгоҳи Осиёи Миёна беэътибор дониста шуда, замин ба ҳукумати шаҳри Хоруғ баргардонда шавад.

Ин созмони зери назари Оқохон то кунун дар бораи амалкарди мақомот ва давлатӣ шудани амволҳои зерсохторҳояш расман чизе нагуфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...