Reuters: Русия тавассути ду ширкати сохтмони Тоҷикистон барои ҳавопаймоҳо қисмҳои эҳтиётӣ гирифтааст

Хабаргузории Reuters менависад, бар асоси таҳлили ҳисоботҳои гумрукӣ, сарфи назар аз таҳримҳо ва маҳдудиятҳои савдо аз ҷониби ИМА ва Аврупо, аз моҳи майи соли гузашта ба маблағи на камтар аз 1,2 млрд доллар ба ширкатҳои Русия қисмҳои эҳтиётӣ фиристода шудааст. Ин таҳлилҳо нишон додаанд, ки таҷҳизот ба Русия тариқи миёнаравҳо дар кишварҳое чун Тоҷикистон, Амороти […]

Хабаргузории Reuters менависад, бар асоси таҳлили ҳисоботҳои гумрукӣ, сарфи назар аз таҳримҳо ва маҳдудиятҳои савдо аз ҷониби ИМА ва Аврупо, аз моҳи майи соли гузашта ба маблағи на камтар аз 1,2 млрд доллар ба ширкатҳои Русия қисмҳои эҳтиётӣ фиристода шудааст.

Ин таҳлилҳо нишон додаанд, ки таҷҳизот ба Русия тариқи миёнаравҳо дар кишварҳое чун Тоҷикистон, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), Туркия, Чин ва Қирғизистон ирсол шудааст, ки ҳеҷ кадоме аз кин кишварҳо таҳримҳои Ғарбро нисбати Русия дастгирӣ накардаанд.

Ба сифати далел Reuters интиқоли дастгоҳи Northrop Grumman-ро ба “Уралские авиалинии” мисол меорад, ки соли 2022 аз ҷониби ду ширкати Тоҷикистон сурат гирифтаанд. 

“Моҳи июли соли 2022 яке аз онҳо ба “Уралские авиалинии” тариқи АМА аз ҷониби як ширкати тоҷикистонӣ фиристода шудааст. Бино ба ин маълумот, моҳи сентябри соли 2022 ширкати дигари сохтмони Тоҷикистон яке аз таҷҳизотро тариқи АМА ба Русия ирсол кардааст”, – менависад Reuters.

Муаллифон зикр мекунанд, ки роҳбарони ширкатҳо ба зангҳои телефонӣ бо дархости шарҳи масъала посух надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.