Қазоқистон ба Тоҷикистон таҷрибаи худро дар рақамикунонии хидматрасониҳои давлатӣ пешниҳод кард

Asia-Plus

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон масоили рақамикунонии хидматрасониҳои давлатиро баррасӣ намуданд.

Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, масъала дар вохӯрии роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон бо ҳайати Қазоқистон таҳти сарварии вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонӣ Багдат Мусин баррасӣ шуд.

Мусин изҳор дошт, ки Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки тариқи онлайн анҷом дода мешаванд, ҷои 8-ум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ мавқеи 10-ум ва аз лиҳози амнияти иттилоотӣ ҷойи 30-юмро ишғол менамояд, ки ин аз сатҳи баланди тараққиёти технологияи рақамии ин кишвар гувоҳӣ медиҳад.

“Маҳз ба туфайли дар амал татбиқ гардидани ҳукумати электронӣ давоми чанд сол аст, ки дар Қазоқистон хизматрасониҳо аз қабили ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харидорӣ ва азнавбарасмиятдарории моликият, аз ҷумла амалӣ намудани харидуфурӯши моликияти манқул, воситаҳои нақлиёт, низоми маориф ва тандурустӣ, гирифтани иҷозатномаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани ипотека ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври рақамӣ ба расмият дароварда мешаванд”, – гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, ҷониби Қазоқистон изҳор доштааст, ки омода аст таҷрибаи ғании худро дар ин самт ба мутахассисони Тоҷикистон пешниҳод намояд, аз ҷумла тариқи баргузории семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ Тоҷикистон ва ҳам дар Қазоқистон ҷиҳати омӯзонидани мутахассисони соҳаи ҳукумати электронӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...