Қазоқистон ба Тоҷикистон таҷрибаи худро дар рақамикунонии хидматрасониҳои давлатӣ пешниҳод кард

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон масоили рақамикунонии хидматрасониҳои давлатиро баррасӣ намуданд. Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, масъала дар вохӯрии роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон бо ҳайати Қазоқистон таҳти сарварии вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонӣ Багдат Мусин баррасӣ шуд. Мусин изҳор дошт, ки Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки […]

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон масоили рақамикунонии хидматрасониҳои давлатиро баррасӣ намуданд.

Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, масъала дар вохӯрии роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон бо ҳайати Қазоқистон таҳти сарварии вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонӣ Багдат Мусин баррасӣ шуд.

Мусин изҳор дошт, ки Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки тариқи онлайн анҷом дода мешаванд, ҷои 8-ум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ мавқеи 10-ум ва аз лиҳози амнияти иттилоотӣ ҷойи 30-юмро ишғол менамояд, ки ин аз сатҳи баланди тараққиёти технологияи рақамии ин кишвар гувоҳӣ медиҳад.

“Маҳз ба туфайли дар амал татбиқ гардидани ҳукумати электронӣ давоми чанд сол аст, ки дар Қазоқистон хизматрасониҳо аз қабили ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харидорӣ ва азнавбарасмиятдарории моликият, аз ҷумла амалӣ намудани харидуфурӯши моликияти манқул, воситаҳои нақлиёт, низоми маориф ва тандурустӣ, гирифтани иҷозатномаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани ипотека ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври рақамӣ ба расмият дароварда мешаванд”, – гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, ҷониби Қазоқистон изҳор доштааст, ки омода аст таҷрибаи ғании худро дар ин самт ба мутахассисони Тоҷикистон пешниҳод намояд, аз ҷумла тариқи баргузории семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ Тоҷикистон ва ҳам дар Қазоқистон ҷиҳати омӯзонидани мутахассисони соҳаи ҳукумати электронӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.