Дар шаҳри Остона нимпайкараи Абӯалӣ ибни Сино қомат афрохт

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон дар шаҳри Остона маросими тантанавии ифтитоҳи нимпайкараи олим, файласуф ва мутафаккири тоҷик Абӯалӣ ибни Сино баргузор шуд. Дар ин маросим вазирони фарҳанги Қазоқистону Тоҷикистон Асхат Оралов ва Зулфия Давлатзода, намояндагони шаҳрдории Остона, зиёиёни эҷодкори ду кишвар иштирок карданд, хабар медиҳад Kazpravda.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг […]

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон дар шаҳри Остона маросими тантанавии ифтитоҳи нимпайкараи олим, файласуф ва мутафаккири тоҷик Абӯалӣ ибни Сино баргузор шуд.

Дар ин маросим вазирони фарҳанги Қазоқистону Тоҷикистон Асхат Оралов ва Зулфия Давлатзода, намояндагони шаҳрдории Остона, зиёиёни эҷодкори ду кишвар иштирок карданд, хабар медиҳад Kazpravda.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг ва варзиши ин кишвар.

Нимпайкара ба ифтихори олим ва файласуфи маъруф дар саросари ҷаҳон дар боғи ҳамшафат ба кӯчаи Храпатий, 9 ноҳияи Алматои шаҳр қомат афрохт.

Нимпайкара аз биринҷӣ аз ҷониби муҷассамасозони тоҷик сохта шуда, пояи гранитии онро шаҳрдории Остона пешниҳод кард. Баландии умумии муҷассама 3,1 метрро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар се шаҳри бузурги Қазоқистон – Остона, Алмато ва Чимкент барномаҳои косертӣ, намоиши филмҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.

Соли оянда дар Китобхонаи миллии академии Қазоқистон гӯшаи адабиёти тоҷик боз мешавад.

Ёдрас мекунем, ки байни китобхонаҳои миллии ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки мувофиқи он дар самти ҳифзу нигаҳдории ҳуҷҷатҳои хаттӣ ва чопии китобохонаҳо, фондҳои бойгонӣ ва осорхонаҳо тадбирҳо роҳандозӣ шудааст.

Рӯзи 29 август дар Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангази вохӯрии оҳангсозони ду кишвар доир мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.