“Истифода аз минбари масҷид”. Ҷалби ходимони дин ба маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ

Asia-Plus

Санъат Тоҳирзода, муовини раиси шаҳри Панҷакент пешниҳод кардааст, ки ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз имконоти ходимони дин ва минбари масҷид истифода бояд кард. Дар ин бора сомонаи МИҲД дар шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Ин нуктаро Санъат Тоҳирзода дар ҷараёни муҳокимаи рафти иҷрои  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки бо иштироки мутахассисони ҷамоатҳои деҳот ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақтаи шаҳр баргузор гардид, иброз доштааст.

Ӯ гуфтааст, ки ҳангоми “иҷрои ин қонун, аз ҷумла, ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон ходимони дин низ бо истифода аз минбари масоҷид, сӯҳбат бо намозгузорон метавонанд саҳмгузор бошанд”.

Зикр мегардад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, масоили вобаста ба “пешгирии гароиши ҷавонон ба ақоиди ифротӣ, талқини мазҳаби таҳамулгарои  Имоми Аъзам, ки дӯст доштану хидмат кардан ба  Ватанро ҷузъе аз имондорӣ меҳисобад” баррасӣ шудаанд.

Бояд гуфт, ки чанде баъд дар Тоҷикистон маъракаи тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба сафи Артиш оғоз мегардад. Маъракае, ки дар бештари ҳолат боиси баҳсҳои доғ дар ҷомеа мешавад.

Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо масъулин шеваҳои нави ҷалби ҷавонон ба Артишро истифода мекунанд. Аз ҷумла, тавассути ҳавасмандкунии ҷавонон бо пешниҳод қитъаи замин, дастгирии оила, пардохти маблағи шартномаи таҳсил ва ба ин монанд.

Дар баробари ин, шеваҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба сафи Артиш низ мушоҳида мешавад.

Аз ҷумла, соли гузашта дар ҷараёни баргузории маъракаи даъват ба Артиш дар бинои ҷамоат ва бидуни ихтиёр ду шабонарӯз нигоҳ доштани Санам Умарқулова, сокини деҳаи Киштӯдаки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро барангехт.

Он замон мақомоти расмии шаҳри Панҷакент ҳодисаи мазкурро расман шарҳ надоданд.

Дар аксар ҳолат ҷавонон шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва ҳодисаҳои марги аскаронро аз омилҳои аслии саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ мегӯянд.

Мақомоти масъули кишвар на ҳамеша ҳодисаҳои зикргардидаро шарҳ медиҳанд ва пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...