Аз оғози соли 2023 дар Русия 1,28 млн нафар тоҷикистониёнро ба қайди муҳоҷират гузоштаанд

Бино ба маълумоти ВКД Русия, дар нимсолаи аввали соли 2023 дар Русия 5,13 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қайди муҳоҷират гузошта шудаанд. Аз ин теъдод 1,28 млн нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, хабар медиҳад РБК. Гуфта мешавад, аксарияти сокинони ҷумҳурӣ (963,49 ҳазор нафар) барои кор ба Русия мераванд. То охири нимсола 128,15 ҳазор […]

Бино ба маълумоти ВКД Русия, дар нимсолаи аввали соли 2023 дар Русия 5,13 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қайди муҳоҷират гузошта шудаанд. Аз ин теъдод 1,28 млн нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, хабар медиҳад РБК.

Гуфта мешавад, аксарияти сокинони ҷумҳурӣ (963,49 ҳазор нафар) барои кор ба Русия мераванд. То охири нимсола 128,15 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и амалкунанда доштаанд. Нисбати 86,96 ҳазор нафар тоҷикистониён дар бораи додани шиносномаи Русия қарори мусбат қабул шудааст.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия 22,4 ҳазор ҷиноят содир намудаанд, ки 6,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Русия аз ҷониби мақомоти қудратии Русия дар макони умумии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ рейдҳо гузаронида шуда, то ҳол идома доранд.

Дар робита ба боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҷараёни ин рейдҳо, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро ба ин бархӯрди номуносиб изҳор намуд.

Инчунин, вазири корҳои дохилӣ, додситони кулл ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ таҳқиқи одилонаву холисонаи ин ҳодисаҳоро талаб карданд.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия ба РБК хабар додааст, ки аз 6 то 11 август бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории иборат аз намояндагони вазорату идораҳо бо мақсади шиносоӣ бо шароити будубош ва кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург, Уфа, Маскав ва Санкт-Петербург сафар кардаанд.

Дар дафтари матбуоти ВКХ Русия хабар додаанд, ки  намояндагони Тоҷикистон дар бораи сафари худ “расман ва саривақт комилан мутобиқи меъёрҳои таҷрибаи дипломатӣ” хабар доданд. Дар ВКХ зикр кардаанд, ки то ҷое, ки онҳо огаҳанд, аъзои гурӯҳи корӣ аз натиҷаҳои сафар қаноатмнад буда, вохӯрӣ ва суҳбатҳоро бо диаспора “хеле муфид ва пурмаҳсул” арзёбӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.