Оғози мурофиаи дуюми додгоҳӣ дар қазияи ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакат бо милисаҳо

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Қарор аст, имрӯз, 29-уми август дар Додгоҳи шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми додгоҳӣ дар парвандаи баҳсбарангези ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан бо кормандони милиса доир гардад. Дар ин бора як манбаъи наздик ба тафтишот ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, дар мурофиаи аввал, ки рӯзи 22-юми август баргузор шуд, як ноболиғ, ки қаблан аз рафтори ғайриахлоқии милисаҳо шикоят карда буд, ширкат ва пурсида шуд.

Ӯ рӯзи 29-уми август дар суҳбат бо “Азия-Плюс” нигаронӣ кард, ки суханони ӯро дар мурофиаи додгоҳӣ ба назар нагирифтанд.

Ин ноболиғ иддаои мақомотро дар бораи он ки бо ҷавони даъваташванда, ки мақомот барои ба хидмати ҳарбӣ ҷалб кардани он омада буданд, муносибати ошиқӣ дошт, рад кард ва гуфт, ки он ҷавон Хуршед ном дошта, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.

“Мо танҳо муносибати ҳамсоягию ҳамдеҳагӣ дорем. Ягон муносибати ошиқона надоштем. Инро исбот карда метавонам. Аммо мақомот ба инобат нагирифта истодаанд. Инчунин,  суҳбат ба журналистонро низ  маҳкум карда, гуфтанд, ки “расонаҳо барои имиҷи худ кор мекунанд, баръакс бар зарари шумо””, – гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Қаблан, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар курсии айбдорӣ чаҳор нафар нишастаанд. Ҳарчанд пеш аз ин шаҳрдори Истаравшан ва Додситони вилояти Суғд ба хабарнигорон аз боздошти панҷ нафар хабар дода буданд.

Се корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан ва як зане, ки дар дохили мошини онҳо буд, дар муҳокима ба ҳайси ҷабрдида ҳузур доранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи муноқишаи сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан бо милисаҳо охири моҳи май рух дод. Сабаби ҳодиса гуногун шарҳ дода мешавад.

Нахуст, Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри наворе гуфта буд, ки сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан кормандони милисаро ҳангоми “таҳқиқи як хабари оперативӣ” латукӯб кардаанд. Дертар ин навор аз сомона пок карда шуд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар пайи ин ҳодиса  нисбати 9 нафар бо се модда, аз ҷумла авбошӣ ва “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳи 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Баъдан, 3-юми август, Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан ҳодисаи мазкурро шарҳ дода, гуфта буд, ки сабаби асосии он, “маъракаи муҳими сиёсӣ – даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ буд”.

Пайвандони сокинони боздоштшуда ҳодисаро ба таври дигар шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, кормандони милитсия духтари ноболиғро ба мошини худ савор карда, ба саҳро бурдаанд ва нисбати ӯ рафтори ношоиста кардаанд. Пас аз фарёди духтар сокинони атроф ба назди мошин ҷамъ шуда, аз кормандони милитсия шарҳи ҳодисаро талаб кардаанд ва қазия ба муноқиша печидааст.

Дар ҳамин ҳол, Руқия  Ниёзқулова, модари духтари ноболиғ мегӯяд, кормандони ҳукумат ва додситонии шаҳр ба ӯ барои суҳбат бо журналистон ва паҳн кардани навор аз ҷойи ҳодиса, фишор меоранд.

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотии ахири худ, 14-уми август, сабаби муноқишаи мазкурро “монеагӣ эҷод кардан барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ” номид.

Ҳамин тариқ, Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, духтари ноболиғе, ки гуфта мешавад, боиси муноқиша миёни кормандони милитсия ва сокинон дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан шудааст, дар “амалиёт”-и ҷалби ҷавоне ба артиш иштирок доштааст. Кормандони оперативӣ мехостаанд тавассути он духтар, ҷавони аз хидмати ҳарбӣ саркашикардаро дастгир намоянд.

Ӯ гуфт, ин духтар бо хоҳиши худаш ба амалиёт ҷалб шуд ва бо ҷавоне ки бояд дастгир ва ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешуд, муносибат дошту бо телефон суҳбат мекард.

Аммо додситони вилоят шарҳ надод, ки ҷалби ноболиғ барои “пешбурди корҳои оперативӣ” то куҷо дуруст аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...