“Сабаб – маъракаи даъват ба артиш буд”. Тафсилоти нави латукӯби кормандони милитсия дар Истаравшан

Раиси шаҳри Истаравшан гуфт, кормандони милитсия, ки дар шаҳри Истаравшан латукӯб шуданд, барои ҷалби ҷавоне ба сафи артиш ба деҳаи Лакат рафта будаанд. Қаблан Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таъкид карда буд, ки кормандони милитсия дар заминҳои хоҷагии деҳқонии ин деҳа маълумоти фавриро месанҷиданд. Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан 3-юми август, зимни нишасти матбуотӣ ҳодисаи […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Истаравшан гуфт, кормандони милитсия, ки дар шаҳри Истаравшан латукӯб шуданд, барои ҷалби ҷавоне ба сафи артиш ба деҳаи Лакат рафта будаанд. Қаблан Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таъкид карда буд, ки кормандони милитсия дар заминҳои хоҷагии деҳқонии ин деҳа маълумоти фавриро месанҷиданд.

Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан 3-юми август, зимни нишасти матбуотӣ ҳодисаи муноқишаи сокинони деҳаи Лакат ва кормандони милитсияро шарҳ дода, таъкид кард, ки сабаби асосии он, “маъракаи муҳими сиёсӣ – даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ буд”.

“Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ суроғаи нафареро, ки даъватнома барои адои хидмати ҳарбӣ гирифтаву ба комиссариат ҳозир нашудааст, муайян кардаанд ва барои гирифтани ӯ ба деҳаи Лакат рафтаанд. Дар ҳамин маврид, миёни сокинони деҳа ва кормандони мақомот нофаҳмӣ ба миён омад”, – гуфт Адҳам Маъмурзода.

Бояд гуфт, ки қаблан Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо нашри наворе гуфта буд, ки сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан кормандони милисаро ҳангоми “таҳқиқи як хабари оперативӣ” латукӯб кардаанд.

Сухан аз муноқишае меравад, ки 31-уми майи соли 2023 дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан рух додааст. Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд санаи 2-юми июл нашр кардаву баъдан пок намуд, дида мешуд, ки як гуруҳ сокинон бо кормандони милитсия муноқиша доранд.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса  нисбати 9 нафар бо се модда, аз ҷумла авбошӣ ва “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳӣ 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Пайвандони сокинони боздоштшуда ҳодисаро ба таври дигар шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, кормандони милитсия духтари ноболиғеро ба мошини худ савор карда, ба саҳро бурдаанд ва нисбати ӯ рафтори ношоиста кардаанд. Пас аз фарёди духтар сокинони атроф ба назди мошин ҷамъ шуда, аз кормандони милитсия шарҳи ҳодисаро талаб кардаанд ва қазия ба муноқиша печидааст.

Бо гузашти беш аз ду моҳ аз ҳодиса ва як моҳ аз расонаӣ шудани он, Адҳам Маъмурзода мегӯяд, “ҳамчун раиси шаҳр аз ҳодиса пурра огоҳ буд” ва айни ҳол таҳқиқ аз ҷониби шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан ҷамъбаст шудааст ва парванда аз ҷониби додситонии шаҳр бандубаст гардида, ба додгоҳ ирсол шудааст.

“Аз рӯи маълумоте, ки ман дорам, имрӯз се кас дар ҳабс қарор доранду ду  нафар бо назардошти набаромадан аз ҷойи зист, озод шудааст. Рӯзҳои наздик ҳалномаи суди шаҳр содир мешавад”, – гуфт Адҳам Маъмурзода.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан Руқия  Ниёзқулова, модари духтари ноболиғе, ки даъво дорад, кормандони милитсияи шаҳр духтарашро зӯран дар мошини худ нигоҳ дошта, нисбаташ рафтору пешниҳоди ғайриахлоқӣ кардаанд, гуфт, кормандони ҳукумат ва додситонии шаҳр ба ӯ фишор меоранд.

Ӯ зимни як суҳбат ба “Азия-Плюс” зикр намуд, ки ӯро ба ҳукумати шаҳр даъват карда, оид ба навори аз ҷараёни муноқиша паҳншуда пурсон шудаанд. Дар додситонии шаҳр бошад, аз ӯ пурсидаанд, ки “чаро бо журналистон суҳбат кардааст ва гуфтанд, агар бори дигар бо журналистон суҳбат кунад, ӯро низ ҳабс мекунанд”.

Мақомоти корҳои дохилӣ ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ намедиҳанд ва кӯшишҳои мо ҳам барои дастрас кардани назари ниҳодҳои дахлдор натиҷа надод.

Ҳамин тавр, номаълум аст, ки агар кормандони милитсия барои “таҳқиқи хабари фаврӣ” ба заминҳои хоҷагии деҳқонӣ рафта бошанд ва ё тавре, ки раиси шаҳри Истаравшан иддао дорад, агар “барои ҷалби ҷавоне ба сафи артиш” ба деҳаи Лакат рафта бошанд, духтараки ноболиғ дар мошин чӣ тавр пайдо шуд ва чаро модари ӯ даъво дорад, ки нисбати духтараш рафтори ношоиста содир шудааст?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.