Рамазон Раҳимзода барои баррасии вазъи муҳоҷирон ва дастгир кардани “Дилшоди СБ” ба Русия рафт

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои баррасии вазъи муҳоҷирони кории тоҷик ва дастгир намудани Дилшод Саидмуродов, гумонбари асосӣ дар гаравгонгирӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” ба Русия рафтааст. Ба иттилои дафтари матбуотии ВКД Рамазон Раҳимзода дирӯз, 28-уми август, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Маскав рафт ва қарор аст бо ҳамтои […]

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои баррасии вазъи муҳоҷирони кории тоҷик ва дастгир намудани Дилшод Саидмуродов, гумонбари асосӣ дар гаравгонгирӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” ба Русия рафтааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии ВКД Рамазон Раҳимзода дирӯз, 28-уми август, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Маскав рафт ва қарор аст бо ҳамтои руси худ Владимир Колоколсев мулоқот кунад.

Дилшод Саидмуродов маъруф бо лақаби “Дилшод Красавчик”, гуфта мешавад, гумонбари асосӣ дар рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” аст. Ӯ муддате дар ВКД, Додситонии кулл ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор кардааст ва ду рӯз баъд аз рабуда шудани бонкдори шинохта, тавассути толори СИП-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Маскав рафтааст.

Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки ӯ баъди фирор дар Маскав ба ширкати ЧВК “Вагнер” паноҳ бурдааст. Вале ин иддаоро Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ рад кард ва гуфт дар куҷое набошад ӯро боздошт карда, ба Тоҷикистон меоранд.

Ба иттилои ВКД, вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия масъалаҳои ҳамкории ду вазорат оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, проблемаю мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

“Инчунин масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Д. вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мегардад”, – хабар додааст ВКД.

Масъалаи “фишор” болои муҳоҷирон баррасӣ мешавад

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз, 29-уми август сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки дирӯз, 28-уми август Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё мулоқот кард.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот кормандони сафорат, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, инчунин намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари иқомат иштирок намуданд.

“Дар рафти мулоқот доир ба масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Русия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт”,- навиштааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ҳамчунин, “аз  намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо ҷиҳати тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб  даъват ба амал оварда шуд”.

Сафари Рамазон Раҳимзода ба Русия замоне сурат мегирад, ки давоми се моҳи охир фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик давом дорад ва мақомоти Русия бо ҳар баҳонае онҳоро аз кӯчаву бозор, масҷид ва ҷои корашон боздошт карда, бо шеваҳои номатлуб гоҳо латукӯб ҳам мекунанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин амалиёти нақшавии Русия аст ва на танҳо нисбати муҳоҷирони тоҷик, балки муҳоҷирони дигар давлатҳо низ анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин, онҳо бо чунин амал як навъ фишор овардан болои Тоҷикистонро рад карданд ва гуфтанд, дар тамоми сатҳҳо аз Русия талаб мекунанд, ки зимни гузаронидани рейдҳо ҳуқуқу манфиатҳои заминавии муҳоҷирони тоҷик риоя карда шавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио