Теъдоди қурбониёни боришот дар Тоҷикистон ба 21 нафар расид

Нигина Аслонова, Алимшоҳ Меҳрзода Asia-Plus

Зимни рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар манотиқи осебдидаи Тоҷикистон ҷасади чаҳор нафари дигар пайдо шуд. Ҳамин тариқ, шумораи фавтидагон аз офати табиӣ ба 21 нафар расид – дирӯз дар бораи ба ҳалокат расидани 17 нафар хабар дода шуда буд.

Умеда Юсуфӣ , сухангӯи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин робита ба “Азия-Плюс” гуфт,  дар давоми рӯз ҷасади ду нафари дигар дар Ваҳдат ва ду нафар дар Варзоб пайдо шуд, ки дар миёни онҳо тифли 40-рӯза низ ҳаст.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар ва дар навоҳии Рӯдакӣ ва Варзоб 2- нафарӣ аз офати табиӣ ба ҳалокат расидаанд.

Умеда Юсуфӣ афзуд, ҷасадҳо барои муайян кардани шахсият ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки субҳи рӯзи 28-уми август дар бораи ҳалокати 13 нафар – 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва ду нафари дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ гузориш шуда буд.

Умеда Юсуфӣ гуфт, ки аз ҳисоби КҲФ барои корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Ваҳдат 3 тонна ва барои шаҳри Ҳисор 2 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо шудааст.

Ӯ зикр кард, ки ҳоло шоҳроҳи Ваҳдат-Ромит комилан аз гил ва санг тоза шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар ҷои ҳодиса комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи маҳаллӣ кор мекунанд ва ҳаҷми хисорот муайян карда хоҳад шуд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки бо супориши раисиҷумҳури кишвар як гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода шуд, ки як рӯз пеш аз манотиқи осебдида боздид кардааст.

Рӯзи 27-уми август дар Тоҷикистон селу обхезӣ сар зад. Дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод омадани селу ярч хисороти ҷиддӣ дар пай дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...