Аз 1 сентябр шумори автобусу троллейбусҳо дар Душанбе 20% зиёд карда мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз 1 сентябр шумори автобусу троллейбусҳо дар хатсайрҳои мусофирбари шаҳри Душанбе 20% зиёд карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби оғози соли нави хониш ва дар робита ба афзоиши теъдоди мусофирон дар хатсайрҳо чунин тасмим гирифта шудааст.

“Шумори ин навъи нақлиёт 100 адад зиёд карда мешавад. Яъне агар имрӯз дар хатсайрҳои пойтхат 350 адад автобусу троллейбусҳо равуо дошта бошанд, пас аз 1 сентябр шумори онҳо ба 450 адад расонида мешавад, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ. – Шумори микроавтобус (маршрутка) ва таксиҳо бетағйир боқӣ мемонад”.

Қаблан моҳи июл зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳрдории пойтахт муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро вазъи марбут ба нақлиёти ҷамъиятиро дар шаҳр ба рӯзноманигорон шарҳ дода буд.

Ба гуфтаи вай, айни замон норасоии назарраси нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр ба мушоҳида намерасад.

Зикр шуда буд, ки дар моҳҳои фасли тобистон ҳамарӯза 300 автобус, 64 троллейбус, зиёда аз 1100 микроавтобус (маршрутка) ва ҳудуди 2 ҳазор таксӣ ба сокинони пойтахт хидматрасонӣ мекунанд.

Он замон ӯ зикр карда буд, ки бо оғози соли нави хониш – аз 1 сентябр шумори нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ зиёд карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони шаҳр аллакай аз ҳозир шикоят мекунанд, ки дар хатсайрҳои муайян камбуди нақлиёти ҷамъиятиро эҳсос мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...