Аз 1 сентябр шумори автобусу троллейбусҳо дар Душанбе 20% зиёд карда мешавад

Аз 1 сентябр шумори автобусу троллейбусҳо дар хатсайрҳои мусофирбари шаҳри Душанбе 20% зиёд карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт. Ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби оғози соли нави хониш ва дар робита ба афзоиши теъдоди мусофирон дар хатсайрҳо чунин тасмим гирифта шудааст. “Шумори ин навъи нақлиёт 100 адад зиёд карда мешавад. […]

Аз 1 сентябр шумори автобусу троллейбусҳо дар хатсайрҳои мусофирбари шаҳри Душанбе 20% зиёд карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби оғози соли нави хониш ва дар робита ба афзоиши теъдоди мусофирон дар хатсайрҳо чунин тасмим гирифта шудааст.

“Шумори ин навъи нақлиёт 100 адад зиёд карда мешавад. Яъне агар имрӯз дар хатсайрҳои пойтхат 350 адад автобусу троллейбусҳо равуо дошта бошанд, пас аз 1 сентябр шумори онҳо ба 450 адад расонида мешавад, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ. – Шумори микроавтобус (маршрутка) ва таксиҳо бетағйир боқӣ мемонад”.

Қаблан моҳи июл зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳрдории пойтахт муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро вазъи марбут ба нақлиёти ҷамъиятиро дар шаҳр ба рӯзноманигорон шарҳ дода буд.

Ба гуфтаи вай, айни замон норасоии назарраси нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр ба мушоҳида намерасад.

Зикр шуда буд, ки дар моҳҳои фасли тобистон ҳамарӯза 300 автобус, 64 троллейбус, зиёда аз 1100 микроавтобус (маршрутка) ва ҳудуди 2 ҳазор таксӣ ба сокинони пойтахт хидматрасонӣ мекунанд.

Он замон ӯ зикр карда буд, ки бо оғози соли нави хониш – аз 1 сентябр шумори нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ зиёд карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони шаҳр аллакай аз ҳозир шикоят мекунанд, ки дар хатсайрҳои муайян камбуди нақлиёти ҷамъиятиро эҳсос мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.